Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Ad-Dhuhâ

93|1|Савганд ба вақти чошт,
93|2|ва савганд ба шаб, чун бипӯшад (бо торикии худ атрофро),
93|3|ки Парвардигорат туро тарк накарда ва душман ҳам нагирифтааст.
93|4|Албатта охират барои ту беҳтар аз дунёст.
93|5|Ба зуди Парвардигорат туро ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ.
93|6|Оё туро ятим наёфт ва паноҳат надод?
93|7|Ва туро гумгашта ёфт ва ҳидоятат кард?
93|8|Ва туро дарвеш ёфт ва тавонгарат гардонид?
93|9|Пас ятимро маёзор
93|10|ва гадоро марон
93|11|ва аз неъмати Парвардигорат сухан бигӯй.