Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Ad-Dukhân

44|1|Ҳо, мим.
44|2|Савганд ба ин китоби равшангар!
44|3|Мо онро дар шаби мубораке нозил кардем. Мо бимдиҳанда будаем.
44|4|Дар он шаб ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад,
44|5|фармоне аз ҷониби Мо. Ва фиристандаи он будаем.
44|6|Раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта Ӯст шунавову доно.
44|7|Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни ин ду аст, агар шумо яқинкунандаед.
44|8|Нест Худое ғайри Ӯ. Зннда мекунаду мемиронад. Парвардигори шумову Парвардигори
падарони пешини шумост.
44|9|На, онҳо ҳамчунон ба шакки худ дилхушанд!
44|10|Пас мунтазири рӯзе бош, ки осмон ба ошкоро дуд биёварад.
44|11|Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ гирад. Ва ин азобест дардовар.
44|12|«Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки мо имон овардаем».
44|13|Куҷо панд мегиранд? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуд,
44|14|аз ӯ рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: «Девонаест таълимёфта!»
44|15|Азобро андаке бармедорем ва шумо боз ба дини худ бозмегардед.
44|16|Рӯзе онҳоро ба савлате (ҳамлае) сахт фурӯ гирем, ки Мо интиқомгирандаем!
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
44|17|Пеш аз онҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор наздашон омад,
44|18|«ки бандагони Худоро ба ман таслим кунед, ки ман паёмбаре аминам.
44|19|Ва низ бар Худо саркашӣ макунед, ки ман бо ҳуҷҷате равшан назди шумо омадаам.
44|20|Ва агар бихоҳед бар ман санг бизанед, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо
паноҳ мебарам,
44|21|ва агар ба ман имон намеоварад, аз ман канор гиред».
44|22|Пас Парвардигорашро дуо кард, ки инҳо мардуме муҷриманд (гунаҳгоранд).
44|23|Бандагони Маро шабҳангом равона кун, то аз паи шумо биёянд.
44|24|Дарёро ором пушти сар гузор, ки он лашкар ғарқшудагонанд.
44|25|Баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд
44|26|ва киштзорҳову хонаҳои некӯ
44|27|ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд.
44|28|Ҳамчунин шуд ва Мо он неъматҳоро ба мардуме дигар мерос гузоштем.
44|29|На осмон бар онҳо гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд.
44|30|Ва мо банӣ-Исроилро аз он азоби хоркунанда халос кардем.
44|31|аз азоби Фиръавни саркаши аз ҳад гузаранда
44|32|ва аз рӯи илм бар аҳли ҷаҳонашон баргузидем.
44|33|Ва оёте ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳоне ошкор буд.
44|34|Албатта инҳо мегӯянд:
44|35|«Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин нест ва мо дигар бор зинда намешавем.
44|36|Ва агар рост мегӯед, падарони моро ба ҷаҳон бозоваред».
44|37|Оё инҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ ва касоне, ки пеш аз он қавм буданд? Ҳамаро ҳалок
кардем, ки муҷримон (гунаҳгорон) буданд.
44|38|Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозича наёфаридаем.
44|39|Онҳоро ба ҳақ офаридаем, вале бештарин намедонанд.
44|40|Ваъдагоҳи ҳама дар рӯзи доварӣ қиёмат аст.
44|41|Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте аз дӯсти худ чизеро дафъ накунад ва аз сӯи касе ёрӣ нашавад,
44|42|ғайри касе, ки Худо бар ӯ бубахшояд, зеро Ӯст ғолибу меҳрубон.
44|43|Ҳар оина (Албатта) дарахти зуккум
44|44|таъоми гуноҳкорон аст.
44|45|Монанди миси гудохта дар шикамҳо меҷушад.
44|46|Монанди ҷӯшидани оби ҷӯшон.
44|47|Бигиредаш ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед
44|48|ва бар сараш оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад.
44|49|Бичаш, ки ту ғолибу бузуррворӣ!
44|50|Ин ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед.
44|51|Парҳезкорон дар ҷои амне ҳастанд,
44|52|дар боғҳову чашмасорҳо
44|53|либосҳое аз сундусу истабрақ мепушанд ва рӯбарӯи ҳам мешинанд.
44|54|Ҳамчунин ҳурулъайнро (ҳурони фарохчашм) ба ҳамсарияшон дароварем.
44|55|Дар осоиштагӣ ҳар меваеро, ки бихоҳанд, металабанд.
44|56|Дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги аввалин. Ва онҳоро Худо аз азоби
ҷаҳаннам нигоҳ доштааст.
44|57|Ин бахшишест аз ҷониби Парвардигорат ва ин пирӯзии бузургест!
44|58|Мо адои сухани худ бар забони ту осон кардем, бошад, ки панд гиранд!
44|59|Ту мунтазир бош, ки онҳо низ мунтазиранд.