Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Adh-Dhâriyât

51|1|Савганд ба бодҳое, ки хок пароканда мекунанд,
51|2|савганд, ба абрҳои гаронбор,
51|3|савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ равонанд
51|4|ва савганд ба фариштагоне, ки тақсимкунандаи корҳоянд,
51|5|ки он чӣ шуморо ваъда медиҳанд, рост аст
51|6|ва рӯзи ҷазо омаданист.
51|7|Ва савганд ба осмон, ки ба ситорагон ороста аст,
51|8|ки шумо (дар хусуси пайғамбар) сухани гуногун мегӯед!
51|9|Аз ҳақ бозгардонида шавад, он ки бозгардониданашро хостаанд.
51|10|Марг бод бар он дурӯғгӯён,
51|11|онон ки ба ғафлат дар ҷаҳл фурӯ рафтаанд.
51|12|Мепурсанд: «Рӯзи ҷазо кай хоҳад буд?»
51|13|Рӯзест, ки бар оташ азобашон мекунанд.
51|14|«Азоби худро бичашед! Ин аст он чизе, ки ба шитоб металабидед!»
51|15|Парҳезгорон дар боғҳову канори чашмасорон бошанд,
51|16|Он чиро Худо ба онҳо додааст, гирифтаанд. Зеро пеш аз он некӯкор буданд,
51|17|андаке аз шабро мехобиданд
51|18|ва ба ҳангоми саҳар истиғфор (тавба) мекарданд
51|19|ва дар молҳояшон барои пурсандаву маҳрум хаққе буд.
51|20|Ва дар замин барои ахли яқин ибратҳоест
51|21|ва низ дар вуҷуди худатон. Оё намебинед?
51|22|Ва ризқи шумо ва ҳар чӣ ба шумо ваъда шуда, дар осмон аст.
51|23|Пас савганд ба Парвардигори осмонаҳову замин, ки ин сухан ончунон ки сухан мегӯянд, ҳақ
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
ва рост аст.
51|24|Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?
51|25|Он гоҳ ки назди ӯ омаданду гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом! Шумо мардуми
ношинохтаед!»
51|26|Дар ниҳон ва шитобон назди касони худ рафт ва гӯсолаи фарбеҳе овард.
51|27|Таъомро ба наздашон гузошту гуфт: «Чаро намехӯред?»
51|28|Ва аз онҳо бимнок шуд. Гуфтанд: «Матарс!» Ва ӯро ба фарзанде доно хушхабар доданд.
51|29|Ва занаш фарёдзанон омад ва бар рӯй заду гуфт: Ман пиразане нозоям».
51|30|Гуфтанд: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст. Ва ӯ ҳакиму доност!»
51|31|Гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?»
51|32|Гуфтанд: «Моро бар мардуме табаҳкор фиристодаанд,
51|33|то тиккаҳои сангҳои гили бар сарашон биборем,
51|34|ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад, гузаштаҳо нишон гузоштаанд».
51|35|Пас ҳамаи касонеро, ки имон оварда буданд, берун бурдем.
51|36|Ва дар он шаҳр ғайри як хона ва фармонбардорон наёфтем.
51|37|Ва дар он сарзамин барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне боқӣ гузоштем.
51|38|Ва ибратест дар Мӯсо, он гоҳ ки ӯро бо ҳуҷҷате ошкор назди Фиръавн фиристодем.
51|39|Ва Ӯ бо ҳамаи қуввааш рӯй гардонду гуфт: «Ҷодугарест ё девонае!»
51|40|Ӯ ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба дарё партофтем. Ва ӯ муставҷиби (сазовори) маломат
буд.
51|41|Ва низ ибратест дар қавми Од, он гоҳ, ки боди ақимро бар онҳо фиристодем.
51|42|Бар ҳар чизе вазид, фақат устухоне пӯсидааш бар ҷой гузошт.
51|43|Ва низ ибратест дар қавми Самуд, он гоҳ ки ба онҳо гуфта шуд: «То замоне чанд бархурдор
шавед».
51|44|Онон аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва ҳамчунон ки менигаристанд, раъди
тунде фурӯ гирифташон.
51|45|Истодан натавонистанд ва тавони интиқом надоштанд.
51|46|Ва аз пеш қавми Нӯҳро ҳалок кардем, ки қавме нофармон буданд.
51|47|Ва осмонро ба қувват барафроштем ва ҳаққо, ки Мо тавоноем.
51|48|Ва заминро густурдем ва чӣ некӯ густарандагонем!
51|49|Ва аз ҳар чиз ҷуфте биёфаридаем, шояд, ки ибрат гиред.
51|50|Пас ба сӯи Худованд бигрезед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам.
51|51|Ва бо Худои якто худои дигароро мапарастед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае
ошкорам.
51|52|Ҳамчунин бар онҳое, ки аз ин пеш буданд, ҳар паёмбаре, ки фиристода шуд, гуфтанд:
«Ҷодугарест ё девонаест!»
51|53|Оё ба ин кор якдигарро васият карда буданд? На, худ мардуме тоғӣ (саркаш) буданд.
51|54|Пас аз онҳо рӯйгардон шав. Кас туро маломат нахоҳад кард.
51|55|Андарз (панд) бидеҳ, ки андарз мӯъминонро манфиат дорад.
51|56|Ҷинну инсро фақат ва фақат барои парастиши Худ офаридаам.
51|57|Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро итъом кунанд (хӯронанд).
51|58|Худост рӯзидиҳанда. Ва Ӯст соҳиби қуввате сахт устувор!
51|59|Ин ситамкоронро аз азоб баҳраест монанди баҳрае, ки ёронашон доштанд. Пас ба шитоб
чизе (азоб) аз Ман нахоҳанд!
51|60|Вой бар кофирон, аз он рӯз, ки онҳоро ваъда додаанд!