Quran in Tajik Al-ʽAdiyât 100|1|Савганд ба аспони тездав,100|2|савганд ба аспоне, ки ба сум аз санг оташ меҷаҳонанд100|3|ва савганд ба аспоне, ки бомдодон ҳуҷум оваранд100|4|ва дар он ҷо ғубор бархезонанд100|5|ва дар он ҷо дар миён дароянд,100|6|ки одамӣ Парвардигори худро шукр намегӯяд100|7|ва ӯ худ бар ин гувоҳ аст.100|8|Ӯ молро сахт дӯст дорад.100|9|Оё намедонад, ки чун он чӣ дар гӯрҳост, зинда гардад,100|10|ва он чӣ дар дилҳо ниҳон аст, ошкор шавад,100|11|Парвардигорашон дар он рӯз аз ҳолашон огоҳ аст