Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-ʽAdiyât

100|1|Савганд ба аспони тездав,
100|2|савганд ба аспоне, ки ба сум аз санг оташ меҷаҳонанд
100|3|ва савганд ба аспоне, ки бомдодон ҳуҷум оваранд
100|4|ва дар он ҷо ғубор бархезонанд
100|5|ва дар он ҷо дар миён дароянд,
100|6|ки одамӣ Парвардигори худро шукр намегӯяд
100|7|ва ӯ худ бар ин гувоҳ аст.
100|8|Ӯ молро сахт дӯст дорад.
100|9|Оё намедонад, ки чун он чӣ дар гӯрҳост, зинда гардад,
100|10|ва он чӣ дар дилҳо ниҳон аст, ошкор шавад,
100|11|Парвардигорашон дар он рӯз аз ҳолашон огоҳ аст