Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-ʽAlaq

96|1|Бихон ба номи Парвардигорат, ки биёфарид,
96|2|одамиро аз лахтаи хуне биёфарид.
96|3|Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст.
96|4|Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод,
96|5|ба одами он чиро, ки намедонист, биёмухт.
96|6|Ҳаққо, ки одами аз ҳад мегузарад,
96|7|ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад.
96|8|Албатта бозгашт ба сӯи Парвардигори туст.
96|9|Оё дидӣ он касро, ки, манъ мекунад,
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
96|10|бандаеро, ки намоз мехонад?
96|11|Канӣ бигӯ, агар он мард бар тариқи ҳидоят бошад?
96|12|Ё ба парҳезгорӣ фармон диҳад?
96|13|Канӣ бигӯ, агар дурӯғ барорад ва рӯйгардон шавад?
96|14|Оё надонистааст, ки Худо мебинад?
96|15|Ҳаққо, ки агар бознаистад, аз мӯи пеши сараш мегирему мекашем,
96|16|мӯи пеши сари дурӯғгӯи хатокорро.
96|17|Пас ҳамдамони худро даъват кунад.
96|18|Мо низ коргузоронидӯзахро даъват мекунем!
96|19|На, ҳаргиз, аз ӯ пайравӣ макун ва саҷда куну ба Худо наздик шав! (Саҷда).