Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Balad

90|1|Қасам ба ин шаҳр! (Макка)
90|2|Ва ту дар ин шаҳр ҳалол хоҳӣ шуд.
90|3|Ва қасам ба падару фарзандони ӯ,
90|4|ки одамиро, дар ранҷу меҳнат биёфаридаем.
90|5|Оё мепиндорад, ки кас бар ӯ қодир нагардад?
90|6|Мегӯяд: «Моле фаровонро харҷ кардам!»
90|7|Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст?
90|8|Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем?
90|9|Ва як забону ду лаб?
90|10|Ва ду роҳ ба ӯ далолат накардем?
90|11|Ва ӯ дар он гузаргоҳи сахт қадам наниҳод.
90|12|Ва ту чӣ донӣ, ки гузаргоҳи сахт чист?
90|13|Озод кардани банда аст,
90|14|ё таъом додан дар рӯзи қаҳтӣ,
90|15|хоса ба ятиме, ки хешованд бошад,
90|16|ё ба мискине хокнишин (мӯҳтоҷ).
90|17|Баъд, аз он аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр васият кардаанду ба
шафқат.
90|18|Инҳо аҳли саъодатанд.
90|19|Ва касоне, ки ба оёти Мо кофиранд, аҳли шақоватанд (бадбахтиянд).
90|20|Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшидааст.