Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Burûj

85|1|Қасам ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост
85|2|ва қасам ба рӯзи мавъуд
85|3|ва қасам ба шоҳидидиҳанда ва он чӣ ба он шоҳидӣ диҳанд,
85|4|ки соҳибони уҳдуд ба ҳалокат расиданд.
85|5|Оташе афрӯхта аз ҳезумҳо
85|6|он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд
85|7|ва бар он чӣ бар сари мӯъминон меоваранд, шоҳид буданд.
85|8|Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Худои ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда
буданд,
85|9|он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе нозир аст.
85|10|Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд ва тавба накарданд, азоби
ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост.
85|11|Барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он
наҳрҳо ҷорист ва он комёбии бузургест!
85|12|Ба азоб гирифтани Парвардигори ту сахт аст.
85|13|Ӯст, ки нахуст меофаринад ва пас аз марг зинда месозад.
85|14|Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст.
85|15|Ӯст соҳиби арши бузург.
85|16|Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад.
85|17|Оё достони лашкарҳоро шунидаӣ?
85|18|Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд,
85|19|Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, ҳамчунон дар дурӯғбарорӣ ҳастанд;
85|20|ва Худо аз ҳама сӯ бар онҳо иҳота дорад.
85|21|Бале, ин Қуръони маҷид аст
85|22|дар лавҳи маҳфуз!