Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Fajr

89|1|Савганд ба сапедаи субҳ
89|2|ва савганд ба шабҳои даҳгона (даҳ шаби Зулҳиҷҷа)
89|3|ва савганд ба ҷуфту тоқ
89|4|ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан ниҳад.
89|5|Оё дар ин зикркардашудаҳо хирадмандро савгандҳои кофист?
89|6|Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард?
89|7|Бо Ирам, ки сутунҳо дошт?
89|8|Ва монанди он дар ҳеҷ шаҳре офарида нашуда буд.
89|9|Ва қавми Самуд, ки дар он водӣ сангро мебуриданд.
89|10|Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо,
89|11|онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд
89|12|ва дар онҳо бисёр фасод карданд.
89|13|Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард.
89|14|Зеро Парвардигорат дар камингоҳ аст.
89|15|Аммо одамӣ, чута Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд:
«Парвардигори ман маро гиромӣ дошт».
89|16|Ва чун биёзмоядаш ва ризқ бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор сохт».
89|17|На чунон аст. Шумо ятимро гиромӣ намедоред
89|18|ва якдигарро ба таъом додани мискиш тарғиб намекунед
89|19|ва меросро ҳарисона мехӯред
89|20|ва молро фаровон дӯст доред.
89|21|Оре, чун замин шикаста шавад ва шикаста шавад
89|22|ва амри Парвардигори ту фаро расад ва фариштагон саф дар саф шаванд
89|23|ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, одамӣ панд гирад. Ва чӣ ҷои панд гирифтан бошад?
89|24|Мегӯяд: «Эй кош ки барои ҳаёти ҷовидонаи худ пешопеш чизе мефиристодам».
89|25|Дар он рӯз касе чун азоби ӯ азоб накунад
89|26|ва монанди занҷири ӯ ба занҷир накашад.
89|27|Эй рӯҳи оромишёфта,
89|28|хушнуду писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард
89|29|ва дар зумраи бандагони Ман дохил шав
89|30|ва ба биҳишти Ман дарой!