Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Ghâshiyah

88|1|Оё достони ғошия ба ту расидааст?
88|2|Дар он рӯз ваҳшат дар чеҳраҳо падидор аст,
88|3|талошкардаву ранҷдида
88|4|дар оташи сӯзон дарафтанд,
88|5|аз он чашмаи бисёр гарм обашон диҳанд,
88|6|таъоме ғайри хор надоранд,
88|7|ки на фарбеҳ мекунад ва на дафъи гуруснагӣ.
88|8|Ва дар он рӯз чеҳраҳое тоза бошанд,
88|9|аз кори худ хушнуд,
88|10|дар биҳиште олимақом,
88|11|ки дар он сухани беҳуда нашнавӣ
88|12|ва дар он чашмасорҳо равон бошад
88|13|ва тахтҳое баланд зада
88|14|ва кӯзаҳое ниҳода
88|15|ва болишҳое дар канори ҳам чида
88|16|ва фаршҳое паҳн карда.
88|17|Оё ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шуда?
88|18|Ва ба осмон, ки чӣ гуна бардошташуда?
88|19|Ва ба кӯҳҳо, ки чӣ гуна баланд кашидашуда?
88|20|Ва ба замин, ки чӣ сон густурда шуда?
88|21|Пас панд деҳ ки ту панддиҳандае ҳастӣ.
88|22|Ту бар онон фармонраво нестӣ.
88|23|Магар он кас кӣ рӯйгардон шуд ва кофир шуд.
88|24|Пас Худояш ба азоби бузургтар азоб мекунад.
88|25|Албатта бозгашташон ба сӯи Мост.
88|26|Сипас ҳисобашон бо Мост.