Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Hâqqah

69|1|Он рӯзи барҳақ!
69|2|Чист он рӯзи барҳақ?
69|3|Ва чӣ донӣ, ки он рӯзи барҳақ чист?
69|4|Қавми Самуду Од рӯзи қиёматро дурӯғ бароварданд.
69|5|Аммо қавми Самуд ба он бонги сахт ҳалок шуданд.
69|6|Ва аммо қавми Од бо вазиши боли сар-сяр (сахт) ба ҳалокат расиданд.
69|7|Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод. Он қавмро чун танаҳои
пӯсидаи хурмо медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд,.
69|8|Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад?
69|9|Ва Фиръявну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд ва низ мардуми Мӯътафиқа гунаҳкор омаданд,
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
69|10|Фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд ва Худо низ ононро ба сахтӣ фуру
гирифт,
69|11|Чун об туғён кард, шуморо ба киштӣ савор кардем,
69|12|то онро мояи пандатон гардонем ва гӯшнигаҳдорандаи панд онро фаро гирад.
69|13|Чун як бор дар сур дамида шавая
69|14|ва замину кӯҳҳоро баргиранд ва якбора дар ҳам кӯбанд,
69|15|он рӯз он ҳодиса ба вуқӯъ пайваста бошад
69|16|ва осмон, ки дар он рӯз суст шудааст, бишикофад.
69|17|Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо арши
Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд.
69|18|Он рӯз шуморо пеш оваранд ва ҳеҷ чизи шумо ниҳон намонад.
69|19|Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: «Ном’аи маро бигиреду
бихонед.
69|20|Ман яқин доштам, ки ҳисоби худро хоҳам дид».
69|21|Пас ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд
69|22|дар биҳиште олӣ,
69|23|ки меваҳояш наздикшаванда бошад.
69|24|Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти амалҳоест, ки дар айёми гузашта
ба ҷой меовардаед!»
69|25|Аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош,, номаи маро ба
дасти ман намедоданд
69|26|ва надониста будам, ки ҳисоби ман чист!
69|27|Эй кош, ҳамон марг мебуду бас!
69|28|Дороии ман маро фоида набахшид,
69|29|қудрати ман аз дасти ман бирафт!»
69|30|«Бигиредаш, занҷираш кунед!
69|31|Ва ба ҷаҳаннамаш дараред!
69|32|Ва ӯро бо занҷире ба дарозии ҳафтод зироъ (аз оринҷ то ангушт) бикашед!
69|33|Зеро ба Худои бузург имон надошт
69|34|ва ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард.
69|35|Дар он рӯз дар он ҷо ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт.
69|36|Таъомаш чизе ғайри чирку хуни аҳли дӯзах нест,
69|37|Танҳо хатокорон аз он таъом мехӯранд,
69|38|Пас савганд ба он чи мебинед
69|39|ва он чӣ намебинед,
69|40|ки ин сухани фиристодае бузургвор аст,
69|41|на сухани шоире. Чӣ андак имон меоварад!
69|42|Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред!
69|43|Аз ҷониби Парвардигри ҷаҳониён нозил шуда аст.
69|44|Агар паёмбар баъзе суханонро бофта бар мо мебаст, («аз ҷониби худост» — мегуфт).
69|45|бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем,
69|46|сипас раги дилашро пора, мекардем
69|47|ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки монеъ шавад.
69|48|Ва Қуръон барои парҳезгорон пандест.
69|49|Мо медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки такзиб мекунанд, (дурӯғ мешумуранд).
69|50|Ва Қуръон кофиронро мояи пушаймонӣ аст.
69|51|Ва он сухани ҳақ ва яқин аст.
69|52|Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ (бигӯй.