Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Humazah

104|1|Вой бар ҳар ғайбаткунандаи айбҷӯе,
104|2|он ки моле ҷамъ кард ва ҳисоби он нигаҳ дошт.
104|3|Мепиндорад, ки дороияш ҷовидонаш гардонад.
104|4|На чунин аст! ки Ӯро дар ҳутамаҳ андозанд.
104|5|Ва ту чӣ донӣ, ки ҳутамаҳ чист?
104|6|Оташи афрӯхтаи Худост,
104|7|ки бар дилҳо ғалаба меёбад.
104|8|Он оташ аз ҳар сӯ дар миёнашон гирифтааст,
104|9|дар сутунҳои дарози оташӣ дароварда шудааст