Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Insân

76|1|Дар ҳақиқат бар инсон муддате аз замон гузашт ва ӯ чизе зикршуда набуд.
76|2|Мо одамиро аз нутфае омехта биёфаридем, то ӯро имтиҳон кунем. Ва шунавову бинояш
сохтаем.
76|3|Роҳро ба ӯ нишон додаем. Ё шукргузор бошад ё ношукр.
76|4|Мо барои кофирон занҷирҳову ғулҳо ва оташи афрӯхта омода кардаем.
76|5|Некон аз ҷомҳое менӯшанд, ки омехта ба кофур аст,
76|6|чашмае, ки бандагони Худо аз он менушанд ва онро ба ҳар ҷое, ки мехоҳанд, равон
месозанд.
76|7|Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе, ки шарри он ҳама ҷоро гирифтааст, метарсанд.
76|8|Ва таъомро дар ҳоле, худ дӯсташ доранд, ба мискину ятим ва асир мехӯронанд,
76|9|шуморо фақат барои Худо таъом медиҳем ва аз шумо на музде мехоҳем на шукре.
76|10|Мо аз Парвардигори худ метарсем, дар рӯзе, ки он рӯз рӯйҳо турш мешавад ва тарснок аст.
76|11|Худо онҳоро аз бадии он рӯз нигаҳ дошт ва ононро таровату шодмонӣ бахшид,
76|12|Ба мукофоти сабре, ки кардаанд, биҳишту ҳарир дод.
76|13|Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд на ҳеҷ офтобе мебинанд ва на хунукии сахте.
76|14|Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад.
76|15|Косаҳои нуқрагину кӯзаҳои шароб миёнашон ба гардиш дармеояд.
76|16|Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андоза пур кардаанд.
76|17|Дар он ҷо ҷоме бинӯшонандашон, ки омехта бо занҷабил бошад,
76|18|аз чашмае, ки онро салсабил мегӯянд.
76|19|Ва писароне ба гирдашон мечарханд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ марвориди
парокандаанд.
76|20|Чун бингарӣ, ҳар чи бингари неъмат фаровон аст ва фармонравоии бузург.
76|21|Бар танашон ҷомаҳоест аз сундуси сабз ва истабрақ. Ва ба дастбандҳое аз нуқра зинат
шудаанд ва онҳоро Парвардигорашон шароби пок бинӯшонад.
76|22|Ин мукофоти шумост ва аз кӯшишатон шукргузорӣ шудааст.
76|23|Мо Қуръонро бар ту нозил кардем, нозил кардане некӯ!
76|24|Дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва аз ҳеҷ гуноҳкор ё носипосе итоъат
макун!
76|25|Ва бомдодну шамгоҳон номи Парвардигоратро бар забон биёвар.
76|26|Дар қисме аз шаб саҷдааш кун ва дар ҳамаи дарозии шаб тасбеҳаш гӯй!
76|27|Инҳо ин дунёи зудгузарро дӯст доранд ва он рӯзи душворро паси пушт мепартоянд.
76|28|Мо одамиёнро офаридем ва аъзову пайвандҳояшонро нерӯманд гардонидем ва агар хоҳем,
ба ҷои онҳо қавме монандашон биёварем.
76|29|Ин пандест. Пас ҳар кӣ хоҳад роҳе ба сӯи Парвардигори худ интихоб кунад.
76|30|Ва шумо ҷуз он намехоҳед, ки Худо хоста бошад зеро Худо донову ҳаким аст!
76|31|Ҳар касро, ки бихоҳад, шомили раҳмати худ созад ва барои ситамкорон азобе дардовар
омода кардааст.