Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Inshiqâq

84|1|Чун осмон шикофта шавад
84|2|ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад
84|3|ва чун замин мунбасит (кашида ва паҳд) шавад
84|4|ва ҳар чиро ки дар дарун дорад, берун партояд ва холӣ гардад
84|5|ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.
84|6|Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид.
84|7|Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд,
84|8|ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб кунанд
84|9|ва шодмон назди касонаш бозгардад.
84|10|Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад,
84|11|ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам».
84|12|Ва ба оташи афрӯхта дарояд.
84|13|Ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд.
84|14|Ва мепиндошт, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт.
84|15|Оре, Парвардигораш ӯро медидааст.
84|16|Пас ба шафақ савганд мехӯрам
84|17|ва савганд ба шабу ҳар чиро фурӯ пӯшад
84|18|ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад,
84|19|ки ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид.
84|20|Чӣ мешавад онҳоро, ки имон намеоваранд?
84|21|Ва чун Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд? (Саҷда).
84|22|Балки кофирон такзиб мекунанд (дурӯғ мебароранд).
84|23|Ва Худо ба он чӣ дар дил доранд, огоҳ аст.
84|24|Пас ононро ба азобе дардовар хушхабар деҳ
84|25|ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки мукофоташонро поёне нест.