Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Jinn

72|1|Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷин гӯш андохтанду гуфтанд,- ки мо Қуръоне аҷиб
шунидем.
72|2|ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро шарики
Парвардигорамон намесозем.
72|3|Азамати Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад, ва на фарзанде дорад.
72|4|Ва бехиради мо дар бораи Худо суханоне ба ноҳақ мегуфт.
72|5|Ва мо мепиндоштем, ки одамиву ҷин дар бораи Худо дурӯғ намегӯянд.
72|6|Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд ва бар
саркашиашон меафзуданд.
72|7|Ҳамчунон ки шумо мепиндоштед, онҳо ҳам мепиндоштанд, ки Худо ҳеҷ касро дубора зинда
намесозад.
72|8|Мо ба осмон расидем ва онро пур аз нигаҳбонони қудратманду шиҳобҳо (чароғ, оташак)
ёфтем.
72|9|Мо дар он ҷойҳо, ки метавон гӯш андохт, менишастем. Аммо ҳар кӣ акнун (ба) гӯш нишинад,
шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад.
72|10|Аз ин рӯй намедонем, ки оё барои касоне, ки дар рӯи замин ҳастанд, бадӣ тақдир мешавад
ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад.
72|11|Баъзе аз мо солеҳанд ва баъзе ҷуз он ва мо фирқаҳое гуногунем.
72|12|Мо медонем, ки Худоро дар замин нотавон намекунем ва бо гурехтан’ низ нотавонаш
насозем.
72|13|Ва чун сухани ҳидоят шунидем, ба он имон овардем. Ва ҳар кӣ ба Парвардигораш имон
оварад, на аз нуқсон метарсад ва на аз зулм.
72|14|Ва баъзе аз мо мусалмонанд ва баъзе аз ҳак, дур. Ва онон, ки ислом овардаанд, дар
ҷустуҷӯи роҳи рост будаанд.
72|15|Аммо онон, ки аз ҳақ дуранд, ҳезуми ҷаҳаннам хоҳанд буд».
72|16|Ва агар бар тариқаи рост пойдорӣ кунанд аз обе фаровон ба онҳо менушонем,
72|17|то онҳоро биёзмоем. Ва ҳар кӣ аз зикри Парвардигораш рӯй гардонад, ӯро ба азобе душвор
меандозад,
72|18|Ва масҷидҳо аз ояи Худост. Ва бо вуҷуди Худои якто касе дигарро ба худоӣ махонед.
72|19|Чун бандаи Худо барои парастиши Ӯ бар пой истод, гирли ӯро гирифтанд.
72|20|Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамро ибодат мекунам ва ҳеҷ касро шарики Ӯ намесозам».
72|21|Бигӯ: «Ман наметавонам ба шумо зиёне бирасонам ё шуморо ба салоҳ оварам».
72|22|Бигӯ: «Ҳеҷ кас маро аз уқубати Худо паноҳ надиҳад ва ман ғайри Ӯ паноҳгоҳе намеёбам,
72|23|он чӣ метавонам фақат расондани паёми Ӯ ва анҷом додани рисолатҳои Ӯ аст. Ва ҳар кӣ
Худову паёмбарашро нофармонӣ кунад, насиби ӯ оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад
буд,
72|24|то он гоҳ ки он чиро ба онҳо ваъда дода буданд, бингаранд. Пас хоҳанд донист, чӣ касеро
ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст».
72|25|Бигӯ: «Ман намедонам, ки оё он ваъдае, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори
ман барои он замоне нисҳодааст?
72|26|Ӯ донои ғайб аст ва ғайби худро бар ҳеҷ кас ошкор намесозад,
72|27|магар бар он паёмбаре, ки аз ӯ хушнуд бошад, зеро ки барои нигаҳбонӣ аз ӯ пеши рӯй ва
пушти сараш нигаҳбоне қарор медиҳад,
72|28|то бидонад, ки онҳо паёмҳои Парвардигорашонро расонидаанд ва Худо ба он чӣ дар назди
онҳост, иҳота дорад (бо илми худ) ва ҳама чизро ба адад шумор кардааст».