Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Maʽârij

70|1|Пурсандае аз азобе пурсид, ки
70|2|бар кофирон фуруд хоҳад омад ва кас онро дафъ натавонад кард
70|3|аз ҷониби Худо, ки соҳиби осмонҳост.
70|4|Дар рӯзе, ки миқдораш панҷоҳ ҳазор сол аст, фариштагон ва рӯҳ ба он ҷо боло раванд.
70|5|Пас сабр кун, сабре некӯ.
70|6|Онҳо он рӯзро дур мебинанд
70|7|ва мо наздикаш мебинем
70|8|рӯзе, ки осмон чун филиз гудохта гардад
70|9|ва кӯҳҳо чун пашм (дар сабукӣ)
70|10|ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад,
70|11|якдигарро баробари чашмашон оранд. Гуноҳкор дӯст дорад, ки худашро бозхарад ба
фарзандонаш
70|12|ва занаш ва бародараш
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
70|13|ва аширааш (хешонаш), ки ӯро макон додааст
70|14|ва ҳамаи онҳо, ки дар рӯи заминанд ва наҷот ёбад.
70|15|Ҳаргиз на, ки он шӯълаи оташ аст,
70|16|пӯсти сарро меканад,
70|17|ҳар киро, ки ба ҳақ пушт кард ва аз фармон сар печид, ба тарафи худ мехонад
70|18|ва онро, ки ҷамъ меоварду ҷой мекард.
70|19|Албатта одамиро ҳарису бесабр офаридаанд.
70|20|Чун бадие ба ӯ расад, беқарорӣ кунад.
70|21|Ва чун моле ба дасташ афтад бахилӣ мекунад,
70|22|магар намозгузорандагон:
70|23|онон, ки ба намоз мудовамат (давом) мекунанд
70|24|ва онон, ки дар молҳояшон ҳаққест муъайян
70|25|барои гадову маҳрум
70|26|ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд
70|27|ва касоне, ки аз азбоби Парвардигорашон тарсонанд,
70|28|ки аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд
70|29|ва касоне, ки шармгоҳи худ нигаҳ медоранд,
70|30|магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, маломате бар онҳо нест.
70|31|Ва онон, ки ғайри инро биталабанд, аз ҳад гузаштагон ҳастанд.
70|32|Ва касоне, ки амонатҳову аҳдхои худро риъоят мекунанд
70|33|ва касоне, ки шоҳидии худ ба ҳақ адо мекунанд
70|34|ва касоне, ки бар намозҳошон мувозибат (давом) доранд,
70|35|инҳо дар биҳишт гиромн ҳастанд.
70|36|Пас чист, ки кофирон ба сӯи ту мешитобанд?
70|37|Даста-даста аз ҷониби чапу, аз ҷониби рост.
70|38|Оё ҳар як аз онҳо тамаъ мекунад, ки ба биҳишти пурнеъмат дохил шавад?
70|39|Ҳаргиз на, онҳо худ медонанд,, ки аз чӣ чиз онҳоро офаридаем.
70|40|Пас савганд ба Парвардигори машриқҳову мағрибҳо, ки Мо тавоноем,
70|41|ки ба ҷои онҳо мардуме беҳтар биёварем ва дар ин кор нотавон нестем.
70|42|Пас бигузорашон то ба беҳудагӣ машғул шаванду ба бозича, то ба он рӯзе, ки ваъдаашон
додаем, бирасанд,
70|43|рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо бадар оянд, чунон ки гӯӣ назди бутон мешитобанд
70|44|ваҳшат бар чашмонашон ғолиб шуда ва ба хори афтодаанд: ин аст ҳамон рӯзе, ки онҳоро
ваъда дода буданд!