Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Mâʽûn

107|1|Оё онро, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мешумурад, дидӣ?
107|2|Ӯ ҳамон касест, ки ятимро ба иҳонат (хорӣ) меронад
107|3|ва мардумро ба таъом додан ба бенаво тарғиб намекунад.
107|4|Пас вой бар он намозгузороне,
107|5|ки дар намози худ саҳл ангоранд (дар ғафлатанд),
107|6|онон, ки риё мекунанд
107|7|ва аз додани закот саркашӣ мекунанд.