Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Mulk

67|1|Бузургвору бобаракат Худованде, ки фармонравой ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност,
67|2|он ки маргу зиндагиро биёфарид, то биёзмоядатон, ки кадом як аз шумо ба амал некӯтар аст
ва Ӯст ғолибу бахшоянда!
67|3|Он ки ҳафт осмони табақа-табақаро биёфарид. Дар офариниши Худои раҳмон ҳеҷ халалу
беназмӣ намебинӣ. Пес бори дигар назар кун, оё дар осмон шикофе мебинӣ?
67|4|Бори дигар низ чашм боз кун ва бингар. Нигоҳи ту хаставу дармонда ба назди ту бозхоҳад
гашт.
67|5|Мо осмони дунёро ба чароғҳое биёростем ва он чароғҳоро василаи сангсор кардани шаётин
гардонидем ва барояшон азоби оташи сӯзон омода кардаем.
67|6|Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шудаанд, азоби ҷаҳаннам бошад ва
ҷаҳаннам бад ҷои бозгаштест!
67|7|Чун дар ҷаҳаннам афканда шаванд, ба ҷӯш ояд ва бонги зишташро бишнаванд.
67|8|Наздик аст, ки аз хашм пора-пора шавад. Ва чун гурӯҳеро дар он (афкананд, нигаҳбононаш
гӯяндашон:
67|9|«Оё шуморо бимдиҳандае наёмад?» Гӯянд: «Чаро, бимдиҳанда омад, вале ӯро дурӯғ
баровардем ва гуфтем; «Худо ҳеҷ чиз нозил накардааст, шумо дар гумроҳии бузурге ҳастед!»
67|10|Ва мегӯянд: «Агар мо мешунидем ё ақл мекардем, аҳли ин оташи сӯзанда намебудем».
67|11|Пас ба гуноҳи худ эътироф мекунанд. Эй лаънат бод бар онҳо, ки аҳли оташи сӯзандаанд!
67|12|Барои касоне, ки нодида аз Парвардигорашон метарсанд бахшоишу музди фаровон аст.
67|13|Чӣ пинҳон сухан гӯед ва чӣ ошкоро, Ӯ ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доност.
67|14|Оё он кӣ офарида, намедонад? Ҳол он ки Ӯ борикбину огоҳ аст.
67|15|Ӯст, ки заминро роми шумо гардонид Пас бар рӯи он сайр кунед, ва аз ризқи Худо бихӯред.
Чун аз қабр берун оед, ба сӯи Ӯ меравед.
67|16|Оё аз он кӣ дар осмон аст, эмин нишастаед, ки ногоҳ заминро ба ларзиш дароварад ва
замин шуморо дар худ фурӯ барад?
67|17|Ё аз он кӣ дар осмон аст, эмин нишастаед, ки ногоҳ боде ҳамроҳ бо сангрез бар сари шумо
фиристад? Ба зуди хоҳед донист, ки бим додани Ман чӣ гуна аст.
67|18|Албатта касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд. Пас азоби Ман чӣ
гуна буд!
67|19|Оё паррандагонеро, ки бол кушуда ва бол кашида бар болои сарашон дар парвозанд,
надидаанд? Онҳоро ҷуз Худои раҳмон касе дар ҳаво нигоҳ натавонад дошт. Ӯст, ки ба ҳама чиз
биност!
67|20|Оё онон, ки ёрони шумоянд, тавонанд дар баробари Худо ёриатон кунанд? Кофирон дар
фиребе беш нестанд.
67|21|Оё кист он кӣ ба шумо рӯзӣ диҳад, агар Ӯ рӯзии худ боздорад? На! дар саркашиву дури аз
ҳақ пойдор меистанд.
67|22|Оё он касе, ки нагунсор (хамшуда) бар рӯй афтода роҳ меравад, ҳидоятёфтатар аст ё он ки
бар пой истода ва ба роҳи рост меравад?
67|23|Бигӯ: «Ӯст, ки шуморо офаридааст ва гӯшу чашму дил додааст. Чӣ андак шукр мегузоред!»
67|24|Бигӯ: «Ӯст, ки шуморо дар замин офарид ва дар қиёмат назди Ӯ ҷамъ оварда мешавед».
67|25|Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда чӣ вақт фаро мерасад?»
67|26|Бигӯ: «Илми он назди Худост ва ман бимдиҳандае ошкорам».
67|27|Кофирон чун аз наздикаш бингаранд, чеҳраашон гирифта шавад, Ва ба онҳо гуфта
мешавад: «Ин аст он чӣ ботилаш мехондед!
67|28|Бигӯ: «Хабар диҳед, ки агар (фаразан) Худо марову ҳамроҳонамро ҳалок кунад ё бар мо
раҳмат оварад, чӣ касе кофиронро аз азоби дардовар мераҳонад?»
67|29|Бигӯ: «Ӯ Худои раҳмон аст. Ба Ӯ имон овардем ва бар Ӯ таваккал кардем. Ва ба зуди, хоҳед
донист, чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст!»
67|30|Бигӯ: «Хабар диҳед, агар обатон дар замин фурӯ равад, чӣ касе шуморо оби равон хоҳад
дод?»