Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Mursalât

77|1|Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд
77|2|ва савганд ба бодҳои сахти вазанда
77|3|ва савганд ба бодҳои бороновар
77|4|ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд
77|5|ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд,
77|6|дафъ кардани узрро ё бим карданро,
77|7|ки он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд!
77|8|Пас он гоҳ ки ситорагон хомуш шаванд
77|9|ва он гоҳ ки осмон бишикофад,
77|10|ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд
77|11|ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад.
77|12|Барои чӣ рӯзе муъайян шавад?
77|13|Барои рӯзи фасл.
77|14|Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл чист?
77|15|Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон)!
77|16|Оё аввалиёнро ҳалок накардаем
77|17|ва охириёнро низ аз паи онҳо намебарем?
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
77|18|Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем.
77|19|Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
77|20|Оё шуморо аз обе пасту бемиқдор наёфаридаем?
77|21|Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем,
77|22|то замоне муъайян?
77|23|Пас Мо тавоно будем ва нек тавоно будем!
77|24|Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
77|25|Оё заминро ҷойгоҳе насохтем
77|26|барои зиндагону мурдагон?
77|27|Дар он кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем.
77|28|Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
77|29|Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед.
77|30|Ба сӯи он дуди сешуъба (се қисм) ба роҳ афтед,
77|31|ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи од шӯъла кунад,
77|32|Ва ҷаҳаннам шарораҳое мепартояд ҳар як ба баландии қасре азим,
77|33|гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд.
77|34|Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
77|35|Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд.
77|36|Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд.
77|37|Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
77|38|Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем.
77|39|Пас агар ҳилае доред, ба кор баред.
77|40|Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
77|41|Парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд,
77|42|бо ҳар мевае, ки орзу кунанд,
77|43|Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод,
77|44|Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем!
77|45|Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
77|46|Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки шумо гунаҳкоронед,
77|47|Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
77|48|Ва чун гӯяндашон, ки руқӯъ кунед, руқӯъ намекунанд (намоз намехонанд).
77|49|Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
77|50|Пас аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд?