Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Mutaffifin

83|1|Вой бар камфурӯшон,
83|2|онон, ки чун аз мардум кайл (паймона) меситонанд, онро пур мекунанд
83|3|ва чун барои мардум мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд.
83|4|Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд
83|5|дар он рӯзи бузург?
83|6|Рӯзе, ки мардум ба пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд.
83|7|Ҳаққо, ки албатта аъмоли бадкорон навишташуда дар сиҷҷин аст.
83|8|Ту чӣ медонӣ, ки сиҷҷин чист?
83|9|Китобест навишта!
83|10|Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон),
83|11|онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд!
83|12|Ва он рӯзро фақат аз ҳад гузарандаи гуноҳкор дурӯғ меҳисобад.
83|13|Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, гуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!»
83|14|Ҳаққо, ки корҳое, ки карда буданд, бар дилҳошон (ғолиб шуда) занг бастааст.
83|15|Ҳаққо, ки дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд.
83|16|Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд.
83|17|Ва онҳоро гӯянд: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»
83|18|Ҳаққо, ки амалҳои некон дар иллийин мактуб аст.
83|19|Ва ту чӣ медонӣ, ки иллийин чист?
83|20|Китобест навишта!
83|21|Ки муқаррабони (наздикшудагони) Худо дар он менигаранд.
83|22|Албатта некон дар неъматанд,
83|23|бар тахтҳо нишаста ва назора мекунанд.
83|24|Бар чеҳраҳошон таровати неъматро бишиносӣ.
83|25|Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд.
83|26|Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд,
83|27|Омезаи он тасним аст, (яъне ботасним омехта)
83|28|чашмаест, ки муқаррабони (наздикони даргоҳи) Худо аз он меошоманд.
83|29|Гуноҳкорон ба мӯъминон механдиданд
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
83|30|Ва чун бар онҳо мегузаштанд, ба чашму абрӯ ишора мекарданд (бо нияти масхара)
83|31|ва чун назди касонашон бозмегаштанд, шодмона бозмегаштанд.
83|32|Ва чун ононро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд.
83|33|Ва ҳол он ки ононро ба нигаҳбониву муҳофизати амалҳои мӯъминон нафиристода буданд.
83|34|Ва имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд,
83|35|бар тахтҳо такя задаанд ва менигаранд.
83|36|Оё кофирон баробари амалҳояшон ҷазо ёфтаанд?