Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Qalam

68|1|Нун, савганд ба қалам ва он чӣ менависанд,
68|2|ки ту ба фазли Парвардигорат девона нестӣ
68|3|ва турост мукофоте бепоён
68|4|ва турост хулқе азим.
68|5|Ба зудӣ ту бубинӣ ва онҳо низ бубинанд,
68|6|ки девонагӣ дар кадом як аз шумост.
68|7|Албатта Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе аз тариқи Ӯ гумроҳ гашта, ва Ӯ ба
роҳёфтагон донотар аст.
68|8|Пас ба такзибкунандагон (дурӯғ шуморандагон) итоъат макун.
68|9|Дӯст доранд, ки нармӣ кунӣ, то нармӣ кунанд,.
68|10|Ба ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр: савганд мехӯрад пайравӣ макун:
68|11|айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад,
68|12|боздоранда аз хайр, аз ҳад гузаранда, гуноҳкор,
68|13|дағалмарде, ношинохтанасаб,
68|14|ба он ҷиҳат, ки соҳиби молу фарзанд аст.
68|15|Чун оёти Мо бар ӯ хонда шавад, гӯяд: «Афсонаҳои пешиниён аст».
68|16|Ба зудӣ бар биниаш доғ гузорем.
68|17|Мо онҳоро озмудем, чунон ки соҳибони он бустонҳоро озмудем. Он гоҳ., ки қасам хӯрданд,
ки фардо бомдод меваҳоро хоҳанд чид.
68|18|Ва иншооллоҳ нагуфтанд.
68|19|Пас шабҳангом, ки ба хоб буданд, офате аз осмон омад,
68|20|ва бӯстонҳо сиёҳ шуд.
68|21|Ва саҳаргоҳон якдигарро нидо доданд:
68|22|«Агар мехоҳед, мева бичинед, бомдодон ба киштзори худ биравед!»
68|23|Ба роҳ афтоданд ва оҳиста мегуфтанд;
68|24|ки имрӯз набояд бенавое ба бӯстони шумо дарояд.
68|25|Субҳгоҳон ба ин ният, ки метавонанд бенаворо манъ кунанд, берун шуданд.
68|26|Чун бӯстонҳои худро диданд, гуфтанд: «Роҳро гум кардаем.
68|27|На, мо аз ҳосил маҳрум шудаем».
68|28|Некмардашон гуфт: «Шуморо нагуфгам, чаро Худоро тасбеҳ намегӯед?»
68|29|Гуфтанд,: «Пок аст Парвардигори мо, мо ситамкор будем».
68|30|Пас забон ба маломати якдигар кушуданд.
68|31|Гуфтанд: «Вой бар мо, мо мардуме саркаш будаем,
68|32|бошад, ки Парвардигори ‘мо дар иваз чизе беҳтар аз он моро диҳад, Мо ба Парвардигори
худ рӯй овардаем!»
68|33|Инчунин аст азоб! Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст!
68|34|Барои парҳезгорон дар назди Парвардигорашон бӯстонҳоест пурнеъмат.
68|35|Оё бо таслимшудагон чун ба гунаҳкорон рафтор мекунем?
68|36|Шуморо чӣ мешавад? Чӣ тавр доварӣ мекунед?
68|37|Оё шуморо китобест, ки аз он мехонед?
68|38|Ва ҳар чӣ ихтиёр кунед, дар он ҳаст?
68|39|Ё бо Мо паймоне, ки то рӯзи қиёмат кашад, бастаед, ки ба ҳар чӣ ҳукм кунед, ҳаққи шумо
бошад?
68|40|Аз онҳо бипурс, кадом якашон зомини чунин паймонест?
68|41|Ё онҳоро шариконест? Агар рост мегӯянд, шарикони худро биёваранд.
68|42|Рӯзе, ки он воқеъаи азим рӯй диҳад ва онҳоро ба саҷда даъваткунанд, вале натавонанд.
68|43|Ваҳшат дар чашмонашон пайдост, хори бар онҳо ғолиб шудааст, пеш аз ин низ онҳоро дар
айни тандуруст ба саҷда даъват карда буданд.
68|44|Пас Маро ба онҳо, ки ин суханро дурӯғ мебароранд вогузор, то андак-андак,: чунон ки
дарнаёбанд, ба азоб гиремашон
68|45|ва ба онҳо мӯҳлат диҳам. Албатта макри Ман макре устувор аст.
68|46|Ё аз онон музде талабидаӣ ва акнун аз адои он дар ранҷанд?
68|47|Ё илми ғайб медонанд ва онҳо, менависанд?
68|48|Дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва чун соҳиби моҳӣ мабош, ки бо диле
пурандӯҳ нидо дардод.
68|49|Агар неъмати Парвардигораш набуд, дар айни бадҳолӣ ба саҳрое беобу гиёҳ меафтод.
68|50|Пас Парвардигораш ӯро ихтиёр кард ва дар зумраи солеҳонаш даровард.
68|51|Ва кофирон чун Қуръонро шуниданд, наздик буд, ки туро, бо чашмони худ билағжонанд ва
мегӯянд, ки ӯ девона аст
68|52|ва ҳол он ки Қуръон барои ҷаҳониён фақат панде аст!