Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Qamar

54|1|Қиёмат наздик шуд ва моҳ дупора гардид.
54|2|Ва агар мӯъҷизае бубинанд, рӯй бигардоданд ва гӯянд: «”Ҷодуе бузург аст!»
54|3|Ва дурӯғ мепиндоранд ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд. Ва ҳар коре дар вақти худ қарор
гирифтааст.
54|4|Ва барояшон хабарҳое омадааст, ки дар онҳо пандаст.
54|5|Ҳикматест тамом. Вале бимдиҳандагон судашон надиҳанд.
54|6|Пас дар он рӯз, ки оя даъваткунандга ононро ба чизе нохуш даъват кунад, аз онҳо рӯйгардон
шав.
54|7|Нишони зиллат (хори) дар чашмонашон ошкор аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун
меоянд.
54|8|Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда мешитобад. Кофирон мегӯянд: «Ин рӯзи
душворест!»
54|9|Пеш аз инҳо қавми Нӯҳ такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд. Бандаи Моро такзиб
карданду гуфтанд: «Девона аст! «Ва ба дашномаш ронданд.
54|10|Ва Парвардигорашро дуъо кард: «Ман мағлуб шудаам, интиқом бигир!»
54|11|Ва мо низ дарҳои осмонро ба рӯи обе, ки ба шиддат мерехт, кушодем.
54|12|Ва аз замин чашмаҳо шикофтем то об ба он миқдор, ки андоза шуда буд, гирд омад.
54|13|Ва ӯро бар он киштӣ, ки тахтаҳову мехҳо дошт, савор кардем.
54|14|Зери назари Мо равон шуд. Ин буд ҷазои касоне, ки бовар надошт.
54|15|Ва албатта он киштиро нишонае сохтем. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст?
54|16|Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
54|17|Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
54|18|Қавми Од такзиб карданд. Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
54|19|Мо бар онҳо дар рӯзе наҳсу тӯлонӣ боде сахт фиристодем,
54|20|ки мардумонро аз замин ҳамонанди решаҳои аз ҷой кандаи нахл бармеканд.
54|21|Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
54|22|Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
54|23|Қавми Самуд бимдиҳандагонро такзиб карданд.
54|24|Гуфтанд: «агар аз инсоне монанди худ пайравӣ кунем, гумроҳу девона бошем!
54|25|Оё аз миёни ҳамаи, мо каломи Худо ба ӯ нозил шудааст? На, ӯ дурӯғгӯе худхоҳ аст».
54|26|Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худхоҳ кист!
54|27|Мо он модашутурро барои озмоишашон мефиристем. Пас мунтазирашон бош ва сабр кун!
54|28|Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёнашон тақсим шуда. Навбати ҳар кӣ бошад, ӯ ба сари об
меравад.
54|29|Ёрашонро нидо доданд ва ӯ шамшер баргирифту онро бикушт.
54|30|Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
54|31|Мо бар онҳо як овози даҳшатнок фиристодем. Пас ҳамонанди он алафҳои хушки огили
гӯсфанд шуданд.
54|32|Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
54|33|Қавми Лут бимдиҳандагонро такзиб карданд.
54|34|Мо бар онҳо боде регбор фиристодем, ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ раҳонидем.
54|35|Неъмате буд аз ҷониби Мо ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин музд диҳем.
54|36|Аз интиқоми сахти Мо тарсонидашон, вале бо бимдиҳандагон ба ҷидол (хусумат)
бархостанд.
54|37|Аз меҳмони ӯ коре зишт хостанд. Мо низ чашмонашонро кур гардонидем. Пас бичашед азобу
бим доданҳои Маро!
54|38|Албатта бомдодон азобе пойдор ба сарвақташон омад.
54|39|Пас азоби Ман ва бим доданҳои Маро бичашед!
54|40|Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
54|41|Бимдиҳандагон назди хонадони Фиръавн омаданд.
54|42|Ҳамаи оёти Моро такзиб карданд. Мо низ онҳоро фурӯ гирифтем, чун фурӯ гирифтани
ғолибе пурқудрат.
54|43|Оё кофирони шумо аз онҳо нерӯмандтаранд ё дар китобҳо омадааст, ки дар амон ҳастед?
54|44|Ё мегӯянд, ки мо ҳамаги ба интиқом бармехезем?
54|45|Ба зудӣ он ҷамъ мунҳазим шавад (шикаст хӯрад) ва пушт карда бозгарданд.
54|46|Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва қиёмат сахттару талхтар аст.
54|47|Гунаҳкорон дар гумроҳиву ҷаҳолатанд.
54|48|Рӯзе, ки онҳоро ба рӯяшон дар ҷаҳаннам кашанд, ки бичашед азоби сақарро (дӯзахро)!
54|49|Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем!
54|50|Фармони Мо танҳо як фармон аст, он ҳам чашм бар ҳам заданест.
54|51|Касонеро, ки монанди шумо буданд, ҳалок кардем. Оё пандгирандае ҳаст?
54|52|Ҳар коре, ки кардаанд, дар дафтарҳост.
54|53|Ҳар кори бузургу хурде навишта шудааст.
54|54|Парҳезгорон дар боғҳову канори ҷӯйборонанд,
54|55|дар ҷойгоҳе писандида назди фармонравои тавоно!