Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Qâriʽah

101|1|Қориъаҳ.
101|2|Чист қориъаҳ?
101|3|ва ту чӣ донӣ, ки қориъаҳ чист?
101|4|Рӯзест, ки мардум чун парвонагон пароканда бошанд
101|5|ва кӯҳҳо чун пашми задашуда.
101|6|Аммо ҳар кӣ паллаи некиҳои тарозуяш вазнин бошад,
101|7|Пас ӯ дар айши писандида бошад.
101|8|ва аммо ҳар кӣ сабук шуд паллаи некиҳои тарозуяш
101|9|ҷойгоҳаш дар ҳовияҳ аст.
101|10|Ва ту чӣ донӣ, ки ҳовияҳ чист?
101|11|Оташест дар ниҳояти гармӣ