Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Qiyâmah

75|1|Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат
75|2|ва қасам мехӯрам ба нафси маломатгар!
75|3|Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо устухонҳояшро гирд нахоҳем овард?
75|4|Оре, мо қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем.
75|5|Балки одамӣ мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад.
75|6|Мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»
75|7|Рӯзе, ки чашмҳо хира шавад
75|8|ва моҳ тира шавад
75|9|ва офтобу моҳ дар як ҷой ҷамъ оянд.
75|10|Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»
75|11|Ҳаргиз паноҳгоҳе нест!
75|12|Қароргоҳи ҳама дар ин рӯз назди Парвардигори туст!
75|13|Дар ин рӯз одамиро аз ҳар чӣ пешопеш фиристода ва баъд аз худ гузоштааст, хабар
медиҳанд.
75|14|Балки одамӣ худро нек мешиносад,
75|15|ҳарчанд ба забон узрҳо оварад.
75|16|Ба шитоб забон ба хондани Қуръон наҷунбон,
75|17|ки ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост,
75|18|Чун хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун,
75|19|Сипас баёни он бар ӯҳдаи Мост.
75|20|Оре, шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред
75|21|ва охиратро тарк мекунед.
75|22|Дар он рӯз рӯйҳое ҳаст зебову дурахшон,
75|23|ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд
75|24|ва рӯйҳое ҳаст гирифтаву турш,
75|25|ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд.
75|26|Оре, чун ҷон ба гулӯ расад
75|27|ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад?
75|28|Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида
75|29|ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд,
75|30|он рӯз рӯзи ронданаш ба сӯи Парвардигори туст.
75|31|На тасдиқ кардааст ва на намоз гузоридааст.
75|32|Аммо дурӯғ бароварда ва рӯй гардондааст.
75|33|Он гоҳ хиромон назди касонаш рафтааст.
75|34|Вой бар ту, пас вой бар ту!
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
75|35|Боз ҳам вой бар ту, пас вой бар ту!
75|36|Оё инсон мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ, вогузоштаанд?
75|37|Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар раҳме рехта шуда, набудааст?
75|38|Сипас лахтае хун? Он гоҳ ба андоми дурусташ биёфарид.
75|39|Ва онҳоро ду синф кард: нару мода.
75|40|Оё Худованд қодир нест, ки мурдагонро зинда созад?