Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Al-Waqiʽah

56|1|Чун қиёмат воқеъ шавад,
56|2|ки дар воқеъ шуданаш ҳеҷ дурӯғ нест,
56|3|гурӯҳеро пасткунанда аст ва гурӯрҳеро баландкунанда.
56|4|Он гоҳ, ки замин ба сахтӣ биларзад
56|5|ва кӯҳҳо ба тамом реза-реза шаванд
56|6|ва чун ғуборе пароканда гарданд,
56|7|шумо се гурӯҳ бошед:
56|8|яке аҳли саъодат. Аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?
56|9|Дигар аҳли шақоват (бадбахт). Аҳли шақоват чӣ ҳол доранд?
56|10|Севумини онҳо, ки пешқадаму пешдаст буданд ва инак пеш раводанд (дар ҷаннат).
56|11|Инҳо муқаррабонанд (наздиккардашудагонанд)
56|12|дар биҳиштҳои пурнеъмат.
56|13|Гурӯҳе аз пешиниён
56|14|ва андаке аз онҳо, ки аз пас омадаанд
56|15|бар тахтҳои мурассаъ (зарбофт)
56|16|рӯбарӯи ҳам бар онҳо такя задаанд.
56|17|Писароне ҳамеша ҷавон гирдашон мечарханд
56|18|бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷӯйҳо ҷорист,
56|19|аз нушиданаш на сардард гиранд ва на беҳуш шаванд.
56|20|Ва меваҳое, ки худ интихоб мекунанд.
56|21|Ва гӯшти парранда, аз ҳар чӣ бихоҳанд,
56|22|Ва ҳурони дуруштчашм
56|23|ҳамонанди марворидҳое дар садаф.
56|24|Ҳама ба мукофоти корҳое, ки мекардаанд.
56|25|Дар он ҷо на сухани беҳуда шунаванд ва на гуноҳолуд
56|26|ҷуз як сухан: «Салом, салом!»
56|27|Аммо аҳли саъодат, аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?
56|28|Дар зери дарахти сидри бехор
56|29|ва дарахти музе (банан), ки мевааш бар якдигар чида шуда
56|30|ва сояе доим
56|31|ва обе ҷорӣ
56|32|ва мевае бисёр,
56|33|ки бепоён ва касро аз он бознадоранд.
56|34|Ва фаршҳои баланд
56|35|Он занонро Мо биёфаридем, офариданӣ
56|36|ва душизагон сохтем.
56|37|Маъшуқи ҳамсарони худанд,
56|38|барои аҳли саъодат,
56|39|гурӯҳе аз пешиниён
56|40|ва гурӯҳе, ки аз пас омадаанд.
56|41|Аммо аҳли шақоват, аҳли шақоват (бадбахт) чӣ ҳол доранд?
56|42|Дар боди гарм ва оби ҷӯшонанд
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
56|43|дар сояе аз дуди сиёҳ
56|44|на сарду на хуш.
56|45|”Инҳо пеш аз ин дар нозу неъмат буданд.
56|46|ва бар гуноҳони бузург исрор (давом) мекарданд
56|47|ва мегуфтанд: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, боз ҳам моро зинда мекунанд
56|48|ё ниёгони моро?»
56|49|Бигӯ: «Ҳамаро, онон, ки аз ин пеш буданд ва онҳо, ки аз паяшон омада буданд,
56|50|ҳама дар ваъдагоҳи он рӯзи муъайян хоҳанд буд.
56|51|Он гоҳ шумо, эй гумроҳони дурӯғбароранда,
56|52|аз дарахтони заққум хоҳед хурд
56|53|ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард
56|54|ва бар болои он оби ҷӯшон хоҳед нушид,
56|55|чунон менушед, ки шутури ташн, а об менӯшад.
56|56|Ин аст меҳмондориашон дар рӯзи ҷазо.
56|57|Мо шуморо офаридаем, пас чаро тасдиқ намекунед?
56|58|Оё он маниро, ки мерезед, дидаед?
56|59|Оё шумо ӯро меофаринед ё Мо офаринандаем?
56|60|Мо маргро бар шумо, муайян сохтем ва нотавон аз он нестом, ки
56|61|ба ҷои шумо қавме монанди шумо биёварем ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз
нав биёфаринем.
56|62|Шумо ай офариниши нахуст огоҳед, чаро ба ёдаш наёваред?
56|63|Оё чизеро, ки мекоред, дидаед?
56|64|Оё шумо мерӯёнедаш ё Мо рӯёнандаем?
56|65|Агар мехостем, хошокаш месохтем, то дар ҳайрат бимонед.
56|66|Гӯянд: «Мо зиён кардагонем,
56|67|мо бенасиб мондагонем».
56|68|Оё оберо, ки менӯшед, дидаед?
56|69|Оё шумо онро аз абр фурӯд меоред ё Мо фурӯд орандагонем?.
56|70|Агар мехостем онро талх мегардонидем. Пас чаро шукр намегӯед?
56|71|Оё он оташро, ки меафрузед дидаед?
56|72|Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем?
56|73|Мо онро хушдоре (аз дӯзах) ва барои мусофирони роҳнавард матоъе сохтем.
56|74|Ба номи Парвардигори бузурги худ тасбеҳ гӯй!
56|75|Пас савганд ба ғурубгоҳи ситорагон!
56|76|Ва ин савгандест, — агар бидонед, — бузург.
56|77|Албатта ин Қуръонест гиромиқадр
56|78|дар китобе макнун,
56|79|ки ҷуз покон даст бар он назананд.
56|80|Нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.
56|81|Оё ин суханро дурӯғ меҳисобед?
56|82|Ва насиби худро дар дурӯғ ҳисобидани он қарор медиҳед?
56|83|Пас чаро он гоҳ ки ҷон ба гулӯ расад
56|84|ва шумо дар ин ҳангом менигаред?
56|85|Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед.
56|86|Агар қиёматро бовар надоред,
56|87|агар рост мегӯед, бозаш гардонед! (рӯҳро бар ҷасад)
56|88|Аммо агар аз муқаррабон (наздикшудагон) бошад.
56|89|барои ӯст осоишу рӯзӣ ва биҳишти пурнеъмат.
56|90|Ва аммо агар аз аҳли саъодат бошад,
56|91|пас туро аз аҳли саъодат салом аст.
56|92|Ва аммо агар, аз такзибкунандагони (дурӯғ барорандагони) гумроҳ бошад,
56|93|ба оби ҷӯшон меҳмонаш кунанд
56|94|ва ба дӯзахаш дароваранд.
56|95|Ин сухан сухане росту яқин аст!
56|96|Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй!