Quran translations in many languages

Quran in Tajik

An-Naba’

78|1|Аз чӣ чиз (ҳамдигарро) мепурсанд?
78|2|Аз он хабари бузург, (қиёмат).
78|3|ки дар он ихтилоф мекунанд.
78|4|Оре, ба зудӣ хоҳад донист.
78|5|Боз ҳам, оре, ба зудӣ хоҳанд донист!
78|6|Оё Мо заминрро бистаре насохтем?
78|7|Ва кӯҳҳоро мехҳое?
78|8|Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт офаридем.
78|9|Ва хобатонро оссишатон гардонидем.
78|10|Ва шабро пӯшишатон қарор додем.
78|11|Ва рӯзро вақти талаби маъишат. (касб).
78|12|Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем.
78|13|Ва чароғе равшан офаридем. (офтоб).
78|14|Аз абрҳои боронзой обе фаровон нозил кардем,
78|15|то бо он донаву набот бирӯёнем
78|16|ва бӯстонҳои анбӯҳ (сердарахт).
78|17|Албатта рӯзи доварӣ рӯзест муъайян.
78|18|Рӯзе, ки дар сур дамида шавад, ва шумо гурӯҳгурӯҳ биёед.
78|19|Осмон шикофта шавад ва ҳар шикоф даре бошад.
78|20|Ва куҳҳо равон шаванд ва сароб гарданд.
78|21|Ҷаҳаннам дар интизор бошад.
78|22|Саркашонро бозгаштангоҳест.
78|23|Замоне дароз дар он ҷо бошанд.
78|24|На хунукӣ чашанду на об,
78|25|фақат оби ҷӯшону хуну чирк. (нӯшанд).
78|26|Ин ҷазоест мувофиқи кирдор.
78|27|Зеро онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд.
78|28|Ва оёти Моро ба сахтӣ дурӯғ мебароварданд.
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
78|29|Ва Мо ҳама чизро дар, китобе шумора кардаем.
78|30|Пас бичашед, ки фақат бар азоби шумо хоҳем афзуд!
78|31|Парҳезгоронро ҷоест дар амон аз ҳар осеб,
78|32|бӯстонҳову токистонҳо
78|33|ва духтароне ҳамсол бо пистонҳои баромада
78|34|ва ҷомҳои пур.
78|35|На сухани беҳуда шунаванд ва на дурӯғ
78|36|ва ин мукофотест кофӣ аз ҷониби Парвардигорат—
78|37|Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Худои раҳмон, ки касро ба Ӯ ёрои
хитоб набошад,
78|38|рӯзе, ки рӯҳ ва фариштагон ба саф меистанд ва кас сухан намегӯяд, ғайри он ки Худои
раҳмон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухан ба савоб гӯяд.
78|39|Он рӯз рӯзест омаданӣ. Пас ҳар кӣ хоҳад ба сӯи Парвардигораш бозгардад.
78|40|Мо шуморо аз азобе наздик метарсонем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст,
менигарад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок мебудам!»