Quran translations in many languages

Quran in Tajik

An-Nâziʽât

79|1|Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд
79|2|ва савганд ба фариштагоне, ки чонҳоро (ҷонҳои муъминонро) ба осонӣ мегиранд
79|3|ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд
79|4|ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд (дар боло бурдани ҷонҳои
мӯъминон)
79|5|ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳо мекунанд,
79|6|ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат (дамидани дар сур) заминро биларзонад
79|7|ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд,
79|8|дар он рӯз дилҳое дар ҳарос бошанд
79|9|ва нишони хушӯъ (хорӣ) дар дидагон намоён!
79|10|Мегӯянд: «Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем,
79|11|он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?»
79|12|Гӯянд: «Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар!
79|13|Фақат ин аст, ки танҳо як бонг бармеояд.
79|14|ва онҳо худро дар он саҳро хоҳанд ёфт.
79|15|Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?
79|16|Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво нидо дод:
79|17|«Ба сӯи Фиръавн бирав, ки аз ҳад гузаштааст.
79|18|Бигӯ: «Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ,
79|19|ва ман туро ба Парвардигорат роҳ бинамоям ва ту битарсӣ (аз Ӯ)?»
79|20|Пас он ояти бузургро ба ӯ нишон дод.
79|21|Ва ӯ дурӯғ бароварду нофармонӣ кард.
79|22|Сипас пушт гардонду мешитофт.
79|23|Пас ҳамаро ҷамъ кард ва нидо дод.
79|24|ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам!»
79|25|Худояш ба аозби охирату дунё гирифтор кард.
79|26|Дар ин ибратест барои, касе, ки метарсад!
79|27|Оё шумо ба офариниш сахттаред, ё ин осмоне, ки Ӯ бино кардааст?
79|28|Сақфашро барафрошт ва дуруст кард,
79|29|шабашро торик кард ва рӯшноияшро ошкор сохт
79|30|ва пас аз он заминро бигустурд (паҳн кард)
79|31|ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард
79|32|ва кӯҳҳоро устувор гардонид
79|33|барои баҳрагирии шумо ва чорпоёнатон.
79|34|Чун он ҳодисаи бузург даррасад,
79|35|рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро ба ёд оварад
79|36|ва ҷаҳаннамро ба ҳар кӣ мебинад нишон диҳанд,
79|37|Пас ҳар кй аз ҳад гузашта бошад (дар куфру исён)
79|38|ва зиндагии инҷаҳонро ихтиёр карда бошад,
79|39|ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст.
79|40|Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида ва нафсро аз ҳаво (ва
ҳавас) боздошта бошад,
79|41|биҳишт ҷойгоҳи ӯст.
79|42|Туро аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад.
79|43|Аз ёд кардани (илми) он туро чӣ кор аст?
79|44|Интиҳои илми он назди Парвардигори туст.
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
79|45|Фақат ва фақат ту касонеро, ки аз он рӯз битарсанд, бим медиҳӣ.
79|46|Чун онро бубинанд, пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд.