Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Ar-Rahmân

55|1|Худои раҳмон
55|2|Қуръонро таълим дод,
55|3|инсонро биёфарид,
55|4|ба ӯ гуфтан омӯхт.
55|5|Офтобу моҳ ба ҳисобе муқаррар дар ҳаракатанд.
55|6|Ва гиёҳу дарахт саҷдааш мекунанд.
55|7|Осмонро барафрохт ва тарозуро барниҳод,
55|8|то дар тарозу таҷовуз накунед.
55|9|Вазн карданро ба адолат риъоят кунед ва камфурӯшӣ макунед!
55|10|Заминро барои мардум қарор дод.
55|11|Дар он меваҳост ва дарахтони хурмо бо хӯшаҳое, ки дар ғилофанд.
55|12|Ва донаҳое, ки ҳамроҳ бо команд ва низ гиёҳони хушбӯ.
55|13|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|14|Одамиро аз гили хушкшудае чун сафол биёфарид,
55|15|Ва ҷинро аз шӯълае бедуд.
55|16|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|17|Парвардигори ду машриқ ва Парвардигори ду мағриб.
55|18|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|19|Ду дарёро пеш ронд, то ба ҳам расиданд,
55|20|миёнашон пардаест то ба ҳам омехта нашаванд.
55|21|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигорагонро дурӯғ мешуморед?
55|22|Аз он ду марвориду марҷон берун меояд.
55|23|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|24|Ва Ӯрост киштиҳое монанди кӯҳ, ки дар дарё мераванд.
55|25|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|26|Ҳар чӣ бар рӯи замин аст, фонӣ (тамом) шуданист.
55|27|Ва зоти Парвардигори соҳиби бузургӣ ва икроми туст, ки боқӣ мемонад.
55|28|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|29|Ҳар кас, ки дар осмонҳову замин аст, пурсандаи даргоҳи Ӯст ва Ӯ ҳар рӯз дар корест.
55|30|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|31|Эй ҷинниёну одамиён, ба ҳисоби шумо хоҳем расид!
55|32|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|33|Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки аз канораҳои осмонҳову замин берун
равед, берун равед! Вале берун натавонед рафт, магар бо доштани қудрате.
55|34|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|35|Бар шумо шӯълае аз оташ фиристода шавад ё дуде низ пас бо ӯ муқобала натавонед кард.
55|36|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|37|Он гоҳ, ки осмон шикофта шавад, ранге сурх чун ранги чарм хоҳад дошт.
55|38|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|39|Пас дар он рӯз аз гуноҳи ҳеҷ ҷинневу одамие напурсанд.
55|40|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|41|Кофиронро ба нишони қиёфаашон мешиносанд ва аз мӯи ҷилави сар ва пойҳояшон
мегиранд.
55|42|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|43|Ин ҳамон ҷаҳаннамест, ки гунаҳкорон дурӯғаш мепиндоштанд.
55|44|Ва акнун дар миёни он ва оби ҷӯшон, мегарданд.
55|45|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|46|Ҳ, ар касро, ки аз истодан ба пешгоҳи Парвардигораш тарсида бошад, ду биҳишт аст.
55|47|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|48|Он ду пур аз дарахтонанд.
55|49|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|50|Дар он ду, ду чашма ҷорист.
55|51|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|52|Дар он ҷо аз ҳар гуна мевае ду қисм аст.
55|53|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|54|Бар бистарҳое, ки астарашон аз истабрақ аст, такя задаанд ва меваҳои он ду биҳишт дар
наздикашон бошад.
55|55|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|56|Дар он ҷост заноне, ки ҷуз ба шавҳари худ нанигаранд ва пеш аз биҳиштиён ҳеҷ одамиву
ҷинне ба ояҳо даст назадааст.
55|57|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|58|Гӯй, ки он ҳурон монанди ёқуту марҷонанд.
55|59|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморад?
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
55|60|Мукофоти некӣ некисту бас.
55|61|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|62|Ва ғайри онҳо ду биҳишти дигар аст.
55|63|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|64|Аз шиддати сабзӣ моил ба сиёҳианд.
55|65|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед,?
55|66|Дар он ду, ду чашмаи ҷӯшанда ҳаст.
55|67|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|68|Дар он ду мева ҳаст ва дарахти хурмо ҳасту анор ҳаст.
55|69|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|70|Дар он ҷо занонест нексирату зеборӯй.
55|71|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигаратонро дурӯғ мешуморед?
55|72|Ҳуроне нигаҳдошташуда дар хаймаҳо.
55|73|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|74|Пеш аз биҳиштиён ҳеҷ одамеву ҷинне ба онҳо даст назадааст.
55|75|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|76|Бар болишҳои сабзу фаршҳои, некӯ такя мезананд.
55|77|Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед?
55|78|Бузург аст номи Парвардигори ту — он соҳиби бузургиву икром!