Quran translations in many languages

Quran in Tajik

As-Sâffât

37|1|Савганд ба он фариштагон, ки барои Худо саф бастаанд,
37|2|савганд ба он фариштагон, ки абрҳоро меронанд,
37|3|савганд ба он фариштагон, ки зикри Худоро мехонанд,
37|4|ки Худои шумо Худои яктост.
37|5|Парвардигори осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар миёни онҳост. Ва Парвардигори
машрикҳост!
37|6|Мо осмони дунёро ба зинати ситорагон биёростем.
37|7|Ва аз ҳар шайтони нофармон нигаҳ доштем.
37|8|То сухани сокинони олами болоро нашнаванд ва аз ҳар сӯй ронда шаванд.
37|9|То дур гарданд ва барои онҳост азобе доим.
37|10|Ғайри он шайтон, ки ногаҳон чизе бирабояд ва ногаҳон шӯълаи сӯзандае дунболаш кунад.
37|11|Пас, аз кофирон бипурс, ки оё офариниши онҳо душвортар аст ё он чӣ Мо офаридаем. Мо
онҳоро аз гиле часпанда офаридаем.
37|12|Ту дар тааҷҷуб шудӣ ва онҳо масхара мекунанд.
37|13|Ва чун ба онҳо панд дода шавад, панд, намепазиранд.
37|14|Ва чун ояе бубинанд, аз якдигар мехоҳанд, то онро ба масхара гиранд.
37|15|Ва мегӯянд: «Ин чизе ғайри ҷодуи ошкор нест,
37|16|оё вақте ки мо мурдем ва хоку устухон шудем, моро зинда мекунанд?
37|17|ё падарони моро?»
37|18|Бигӯ: «Бале, ва шумо хору бечора мешавед!»
37|19|Ва онон худ хоҳанд дид, ки ба як фармон ҳамаро зинда мекунанд.
37|20|Мегӯянд: «Вой бар мо, ин ҳамон рӯзи ҷазост!»
37|21|Ин ҳамон рӯзи довари аст, ки дурӯғаш мепиндоштед.
37|22|Ононро, ки зулм мекарданд ва ҳамроҳонашонро ва онҳоеро, ки ба ҷои Худои якто
мепарастиданд, ҷамъ оваред.
37|23|Ҳамаро ба роҳи ҷаҳаннам роҳ нишон диҳед.
37|24|Ва нигаҳ доредашон, бояд бозхост шаванд.
37|25|«Чаро якдигарро ёрӣ намекунед?»
37|26|На, имрӯз ҳама таслимшавандагонанд.
37|27|Ва он гоҳ рӯй ба якдигар кунанд ва бипурсанд.
37|28|Гӯянд: «Шумо будед, ки аз дари некхоҳӣ бар мо медаромадед».
37|29|Гӯянд: «На, шумо имон наёварда будед.
37|30|Моро бар шумо ҳеҷ ғолибияте набуд. Шумо худ мардумоне нофармон будед.
37|31|Гуфтаи Парвардигорамон бар мо воҷид шуд. Акнун бояд бичашем.
37|32|Мо шуморо гумроҳ кардем ва худ низ гумроҳ будем».
37|33|Дар он рӯз ҳама дар азоб шариканд.
37|34|Мо бо гунаҳкорон чунин мекунем.
37|35|Чун ба онон гуфта мешуд, ки ғайри Худои якто худое нест, такаббур мекарданд
37|36|ва мегуфтанд: «Оё ба хотири шоири девонае худоёнамонро тарк гӯем?»
37|37|На, он паёмбар ҳақро овард ва паёмбарони пешинро тасдиқ кард.
37|38|Шумо азоби дардоварро хоҳед чашид!
37|39|Дар баробари амалҳоятон ҷазо хоҳед дид.
37|40|Ғайри бандагони мухлиси Худо,
37|41|ки онҳоро ризқе муъайян аст.
37|42|аз меваҳо, ва гиромӣ доштагонанд
37|43|дар биҳиштҳои пурнеъмат,
37|44|бар тахтҳое, ки рӯбарӯи ҳаманд.
37|45|Ва ҷоме аз чашмаи хушгувор миёнашон ба гардиш дарояд,
37|46|сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш,
37|47|на дарди сар орад ва на нӯшанда маст шавад.
37|48|Заноне фарохчашм, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд, ҳамдами онҳоянд.
37|49|Ҳамонанди тухми мурғҳое дур аз дастрас.
37|50|Рӯ ба якдигар кунанд ва гуфтугӯ кунанд.
37|51|Яке аз онҳо гӯяд: «Маро ҳамнишине буд,
37|52|ки мегуфт: «Оё ту аз онҳо ҳастӣ, ки тасдиқ мекунанд?
37|53|Оё он гоҳ, ки мурдему хоку устухон шудем, ҷазоямон медиҳанд?»
37|54|Гӯянд: «Метавонед аз боло бинигаред?»
37|55|Аз боло бинигарад ва ӯро дар миёни оташи дӯзах бинад.
37|56|Гуядаш: «Ба Худо савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ.
37|57|Ва агар мавҳибати (бахшиши) Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагони азоб
мебудам.
37|58|Оё моро марге нест,
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
37|59|ҷуз он марги нахустин? Ва дигар азобамон намекунанд?»
37|60|Ҳар оина (албатта) ин аст комёбии бузург!
37|61|Амалкунандагон бояд барои чунин мукофоте амал кунанд.
37|62|Оё хӯришро ин беҳтар ё дарахти заққум?
37|63|Мо он дарахтро барои ибтилои (гирифтории) ситамкорон падид овардаем.
37|64|Дарахтест, ки аз қаъри ҷаҳаннам мерӯяд,
37|65|Мевааш монанди сари шайтонҳо аст,
37|66|дӯзахиён аз он мехӯранд ва шикам пур месозанд
37|67|ва бар сари он омехтае аз оби сӯзон менушанд.
37|68|Сипас бозгашташон ба ҳамон ҷаҳаннам аст.
37|69|Онҳо падарони худро пеш аз худ гумроҳ ёфтанд
37|70|ва аз паи онҳо шитобон мераванд.
37|71|Ва пеш аз онҳо бештар пешиниён гумроҳ шуданд.
37|72|Ва Мо бимдиҳандагоне ба миёнашон фиристодем.
37|73|Пас бингар, ки саранҷоми он бимёфтагон чӣ гуна буд.
37|74|Ғайри бандагони мухлиси Худо!
37|75|Нӯҳ Моро нидо кард ва Мо чӣ нек посухдиҳандае будем!
37|76|Ӯ ва касонашро аз андӯҳи бузург наҷот додем.
37|77|Ва фарзандонашро боқӣ гузоштем.
37|78|Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ ниҳодем.
37|79|Салом бар Нӯҳ бод дар саросари ҷаҳон!
37|80|Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем.
37|81|Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд.
37|82|Сипас дигаронро ғарқ сохтем.
37|83|Иброҳим аз пайравони ӯ буд.
37|84|Он гоҳ ки бо диле холи аз шубҳа рӯй ба Парвардигораш овард.
37|85|Ба падараш ва қавмаш гуфт: «Чӣ мепарастед?
37|86|Оё ба ҷои Худои якто худоёни дурӯғинро мехоҳед?
37|87|Ба Парвардигори ҷаҳониён чӣ гумон доред?»
37|88|Нигоҳе ба ситорагон кард
37|89|ва гуфт: «Ман беморам!»
37|90|Аз ӯ рӯйгардон шуданд ва бозгаштанд.
37|91|Пинҳонӣ назди худоёнашон омад ва гуфт: «Чизе намехӯред?
37|92|Чаро сухан намегӯед?»
37|93|Ва дар ниҳон дасте бақувват бар онҳо зад.
37|94|Қавмаш шитобон наздаш омаданд.
37|95|Гуфт: «Оё чизҳоеро, ки худ метарошед, мепарастед?
37|96|Худои яктост, ки шумо ва ҳар чӣ месозед, офаридааст».
37|97|Гуфтанд: «Барояш биное оозед ва дар оташаш андозед».
37|98|Хостанд то бадандешӣ кунанд, Мо низ онҳоро зердаст (хору мағлуб) гардонидем.
37|99|Гуфт: «Ман ба сӯи Парвардигорам меравам. Ӯ маро роҳнамоӣ хоҳад кард.
37|100|Эй Парвардигори ман, маро фарзанде солеҳ ато кун!»
37|101|Пас ӯро ба писаре бурдбор хушхабар додем.
37|102|Чун бо падар ба ҷое расид, ки бояд ба кор сар кунанд, гуфт: «Эй писаракам, дар хоб
дидаам, ки туро забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ». Гуфт: «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон
шудаӣ, амал кун, ки агар Худо бихоҳад, маро аз собирон (сабркунандагон) хоҳӣ ёфт».
37|103|Чун ҳар ду таслим шуданд ва ӯро ба пешонӣ хобонид,
37|104|Мо нидояш додем: «Эй Иброҳим,
37|105|хобатро ба ҳақиқат паивастӣ», Ва Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем.
37|106|Ин озмоише ошкор буд.
37|107|Ва ӯро ба забҳе бузург бозхаридем
37|108|Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем.
37|109|Салом бар Иброҳим!
37|110|Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем!
37|111|Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд.
37|112|Ӯро ба Исҳок — паёмбаре шоиста мужда додем.
37|113|Ӯ на Исҳоқро баракат додем. Ва аз фарзандонашон баъзе некӯкор ҳастанд ва баъзе ба
ошкоро бар худ ситамкор.
37|114|Мо ба Мӯсо ва Ҳорун неъмат додем.
37|115|Он ду ва мардумашонро аз ранҷе бузург наҷот бахшидем.
37|116|Ононро ёрӣ додем, то ғолиб шуданд.
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
37|117|Ва китобе равшангарашон додем.
37|118|Ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем.
37|119|Ва номи некашонро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем.
37|120|Салом бар Мӯсо ва Ҳорун!
37|121|Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем!
37|122|Он ду аз бандагони мӯъмини Мо буданд.
37|123|Ва Илёс аз паёмбарон буд.
37|124|Ба мардуми худ гуфт: «Оё аз Худо наметарсед?
37|125|Оё Баълро ба худои мехонед ва Он беҳтарини офаринандагонро тарк мекунед?
37|126|Парварднгори шумо ва Парвардигори падаронатон Худои яктост».
37|127|Пас дурӯғаш бароварданд ва онон аз ҳозиркардагонанд, (дар азоб)
37|128|Ғайри бандагони мухлиси Худо!
37|129|Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем.
37|130|Салом бар хонадони Илёс!
37|131|Мо некӯкоронро инчунин подош (мукофот) медиҳем!
37|132|Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд.
37|133|Ва Лут аз паёмбарон буд.
37|134|Ӯ ва ҳамаи касонашро наҷот додем.
37|135|Ғайри пиразане, ки бо мардуми шаҳр бимонд.
37|136|Сипас дигаронро ҳалок кардем.
37|137|Шумо бар (маскани) онҳо мегузаред бомдодон
37|138|ва шомгоҳон. Оё ақл намекунед?
37|139|Ва Юнус аз паёмбарон буд.
37|140|Чун ба он киштии пур аз мардум гурехт,
37|141|қуръа заданд ва ӯ дар қуръа мағлуб шуд.
37|142|Моҳӣ фурӯ бурдаш ва ӯ лоиқи сарзаниш буд.
37|143|Пас агар аз тасбеҳ гуён намебуд,
37|144|то рӯзи қиёмат дар шиками моҳӣ мемонд.
37|145|Пас ӯро, ки бемор буд, ба хушкӣ афкандем.
37|146|Ва бар болои сараш бӯтаи кадуе рӯёнидем.
37|147|Ва ӯро ба пайғамбарӣ бар сад ҳазор кас ва бештар фиристодем.
37|148|Онҳо имон оварданд ва то зинда буданд, бархурдорияшон додем.
37|149|Аз онҳо бипурс; «Оё духтарон аз они Парвардигори ту бошанд ва писарон аз они онҳо?»
37|150|Оё вақте ки Мо малоикаро зан меофаридем, онҳо медиданд?
37|151|Огоҳ бош, ки аз дурӯғгӯияшон аст, ки мегӯянд:
37|152|«Худо соҳиби фарзанд аст». Дурӯғ мегӯянд.
37|153|Оё Худо духтаронро бар писарон бартарӣ дод?
37|154|Шуморо чӣ мешавад? Чӣ гуна ҳукм мекунед?
37|155|Оё намеандешед?
37|156|Ё бар даъвои худ далели равшане доред?
37|157|Агар рост мегӯед, китобатонро биёваред.
37|158|Ва миёни Худову ҷинниён хешовандӣ қоил шуданд ва ҷинниён медонанд, ки
ҳозиркардашудагонанд. (дар азоб).
37|159|Аз он сифат, ки меоварданд, Худо пок аст,
37|160|ғайри бандагони мухлиси Худо!
37|161|Шумо ва бутоне, ки мепарастед,
37|162|натавонистед гумроҳ кунед,
37|163|магар он касро, ки роҳии ҷаҳаннам бошад.
37|164|«Ва ҳар кас аз мо ҷое муъайян дорад.
37|165|Албатта мо сафзадагонем.
37|166|Ва албатта мо тасбеҳгӯяндагонем».
37|167|Агарчи мегуфтанд:
37|168|«Агар аз пешиниён назди мо китобе монда буд,
37|169|мо аз бандагони мухлиси Худо мебудем».
37|170|Онҳо ба он китоб кофир шуданд ва ба зуди, ки хоҳанд фаҳмид.
37|171|Мо дар бораи бандагонамон, ки ба пайғамбарӣ мефиристем, аз пеш тасмим гирифтаем,
37|172|ки албатта онон ёрӣ мешаванд.
37|173|Ва лашкари Мо худ ғолибанд.
37|174|Пас то муддате аз онҳо рӯй бигардон.
37|175|Оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид.
37|176|Оё азоби Моро ба шитоб металабанд?
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
37|177|Чун азоб ба майдонашон фарояд, ин бимдодашудагон чӣ бомдоди баде хоҳанд дошт.
37|178|Аз онҳо то чанде рӯй бигардон.
37|179|Пас оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид.
37|180|Муназзаҳ (покаст) аст Парвардигори ту — он Парвардигори пирӯзманд — аз ҳар чӣ ба
васфи Ӯ мегӯянд!
37|181|Ва салом бар паёмбарон!
37|182|Ва ҳамд аз они Парвардигори ҷаҳониён аст!