Quran translations in many languages

Quran in Tajik

At-Talâq

65|1|Эй паёмбар, агар занонро талоқ медиҳед, ба вақти идда талоқашон диҳед. Ва шумори иддаро
нигаҳ доред. Ва аз Худои якто—Парвардигорагош битарсед. Ва ононро аз хонаҳояшон берун
накунед. Ва аз хона берун нараванд, магар он ки ба ошкоро коре зишт кунанд. Инҳо аҳкоми
Худованд аст ва ҳар кӣ аз он таҷовуз кунад, ба худ ситам кардааст. Ту чӣ донӣ, шояд Худо аз ин
пас амре тоза падид оварад.
65|2|Ва чун ба поёни муддат расиданд ё ба ваҷҳе некӯ нигоҳашон доред ё ба ваҷҳе некӯ аз онҳо
ҷудо шавед ва ду тан одил аз худатонро ба гувоҳӣ гиред. Ва барои Худо гувоҳиро ба ростӣ адо
кунед. Ҳар киро ба Худову рӯзи қиёмат имон дорад, инчунин панд медиҳанд. Ва ҳар кӣ аз Худо
битарсад, барои ӯ роҳе барои берун шудаи қарор хоҳад дод
65|3|ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, рӯзиаш медиҳад. Ва ҳар кӣ бар Худо таваккал кунад, Худо
ӯро кофист. Худо кори худро ба иҷро мерасонад ва ҳар чизро андозае қарор додааст.
65|4|Агар дар шубҳа ҳастед, аз миёни занонатон аз онҳое, ки аз ҳайз маъюс шудаанд ва онҳое, ки
ҳанӯз ҳайз нашудаанд, иддаашон се моҳ аст. Ва иддаи занони ҳомила ҳамон вазъи ҳамл
(таваллуд) аст. Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, Худо корашро осон хоҳад кард.
65|5|Ин фармони Худост, ки бар шумо нозил кардааст. Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, гуноҳонашро
аз ӯ дур мекунад ва ӯро музде бузург медиҳад.
65|6|Ҳар ҷо, ки худ сукунат кунед, онҳоро низ ба қадри тавонии худ маскан диҳед. Ва то бар онҳо
танг гиред, маёзоредашон. Ва агар ҳомила буданд, нафақаашонро ‘бидиҳед, то вазъи ҳамд кунанд.
Ва агар фарзанди шуморо шир медиҳанд, муздашонро бидиҳед ва ба ваҷҳе некӯ бо якдигар
маслиҳат кунед. Ва агар мувофиқат накардед, аз зане дигар бихоҳед, ки кӯдакро шир диҳад.
65|7|Ҳар молдоре аз моли худ нафақа дихаҳд ва касе, ки тангдаст бошад, аз ҳар чӣ Худо ба ӯ
додааст, нафақа диҳад. Худо ҳеҷ касро ғайри он андоза, ки ба ӯ додааст, вазифадор намесозад ва
ба зуди Худо пас аз сахтӣ осонӣ пеш орад.
65|8|Чӣ басо мардуми деҳае, ки аз фармони Парвардигорашон ва паёмбаронаш бар боззаданд. Он
гоҳ Мо сахт аз онҳо ҳисоб гирифтем ва ба азобе сангин азобашон кардем.
65|9|Пас уқубати амали худро чашиданд. Оқибати корашон зиёнкорӣ буд.
65|10|Худованд барояшон азобе сахт омода кард. Пас, эй хирадмандоне, ки имон овардаед, аз
Худо битарсед. Худо бар шумо Қуръонро нозил кардааст.
65|11|Ва паёмбаре, ки оёти равшани Худоро бароятон мехонад, то касонеро, ки имон овардаанд
ва корҳои шоиста кардаанд, аз торикӣ ба рушноӣ оварад, Ва ҳар киро ба Худо имон оварад ва
кори шоиста кунад, ба биҳиштҳое дароварад, ки дар он наҳрҳо ҷорист, ҳамеша дар он ҷо
бимонанд ва Худо рӯзияшонро бепоён гардонад.
65|12|Худост, он ки ҳафт осмону монанди онҳо замин биёфарид. Фармони Ӯ миёни осмонҳову
замин ҷорист, то бидонед, ки Худо ба ҳар чиз қодир аст ва ба илм бар ҳама чиз иҳота дорад.