Quran translations in many languages

Quran in Tajik

At-Târiq

86|1|Савганд ба осмону ба он чӣ дар шаб ояд!
86|2|Ва ту чӣ донӣ, ки он чӣ дар шаб ояд, чист?
86|3|Ситораест дурахшанда.
86|4|Ҳеҷ кас нест, кӣ бар ӯ нигаҳбоне набошад.
86|5|Пас одамӣ бингарад, ки аз чӣ чиз офариша шудааст.
86|6|Аз обе ҷаҳанда офарида шудааст,
86|7|ки аз миёни пушту сина берун меояд.
86|8|Худо ба бозгардонидани ӯ тавоност,
86|9|рӯзе, ки розҳо (сирҳо) ошкор мешаванд.
86|10|Ӯро на қувватест, ва на ёваре.
86|11|Қасам ба осмони бозборанда!
86|12|Қасам ба замини руёни шикофхӯрда, (барои гиёҳ)
86|13|ки ин китоб ҳақро аз ботил ҷудо кунад,
86|14|ва сухани ҳазл нест!
86|15|Онон ҳилае меандешанд
86|16|ва Ман ҳам ҳилае меандешам.
86|17|Пас кофиронро мӯҳлат деҳ андак мӯҳлаташон деҳ!