Quran translations in many languages

Quran in Tajik

At-Tîn

95|1|Савганд ба анҷиру зайтун
95|2|савганд ба Тури муборак,
95|3|савганд ба ин шаҳри эмин,
95|4|ки мо одамиро дар некӯтарин сурате биёфаридем.
95|5|Он гоҳ ӯро фурӯтар аз ҳамаи фурӯтарон гардонидем, (пасттар аз ҳамаи пастҳо)
95|6|ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки музде бепоён доранд.
95|7|Пас чист, ки бо ин ҳол туро ба дурӯғ шуморидани қиёмат вомедорад?
95|8|Оё Худо довартарини доварон нест?