Quran translations in many languages

Quran in Tajik

At-Tûr

52|1|Қасам ба кӯҳи Тур
52|2|ва қасам ба китоби навишташуда,
52|3|дар сафҳае кушода (Қуръон)
52|4|ва қасам ба байтулмаъмур
52|5|ва қасам ба ин, сақфи барафрошта (осмон)
52|6|ва қасам ба дарёи моломол, (пур)
52|7|ки азоби Парвардигорат воқеъ шуданист.
52|8|Ва онро дафъкунандае нест.
52|9|Рӯзе, ки осмон сахт бичархад
52|10|ва кӯҳҳо ба шитоб равон шаванд,
52|11|пас дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон,
52|12|онон, ки саргарми кордон ботили худанд!
52|13|Рӯзе, ки онҳоро ба қаҳр ба ҷониби ҷаҳаннам кашанд.
52|14|Ин аст он оташе, ки дурӯғаш мешумурдед.
52|15|Оё ин ҷодуст ё шумо намебинед?
52|16|Ба оташ дароед. Хоҳ бар он сабр кунед ё сабр накунад, фарқе накунад. Шуморо дар
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
баробари корҳое, ки мекардаед, ҷазо медиҳанд.
52|17|Парҳезгорон дар биҳиштҳо ва неъматанд.
52|18|Аз он чӣ Парвардигорашон ба онҳо додааст, шодмонанд ва Худо онҳоро аз азоби ҷаҳаннам
нигаҳ доштааст.
52|19|Ба музди корҳое, ки кардаед, бихӯреду биёшомед. Гувороятон бод.
52|20|Бар он тахтҳои канори ҳам чида такя мезананд. Ҳуриёнро ҳамсарашон мегардонем.
52|21|Касоне, ки худ имон оварданд ва фарзандонашон дар имон пайравияшон карданд.
Фарзандонашонро бо онҳо якҷоя мекунем ва аз музди амалашон ҳеҷ кам намекунем, ки дар касе
дар гарави кори худ аст.
52|22|Ва пайваста аз ҳар гуна, ки бихоҳанд, меваву гӯшт атояшон мекунем.
52|23|Дар он ҷо ҷоми май диҳанд ва ҷоми май ситонанд, ки дар он на сухани беҳуда бошад ва на
гуноҳ кардан.
52|24|Ғуломонашон чун марвориди пинҳон дар садаф ба гирдашон мечарханд.
52|25|Пурсишкунон рӯй ба якдигар мекунанд.
52|26|Мегӯянд: «Пеш аз ин дар миёни касонамон танҳо мо аз Худо метарсидем.
52|27|Пас Худо бар мо миннат ниҳод ва моро аз азоби самум нигаҳ дошт.
52|28|Мо пеш аз ин Ӯро (бо дуъову илтиҷо) мехондем, ки Ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!»
52|29|Пандашон деҳ, ки ту ба баракати неъмати Парвардигорат на коҳин (ҷодугар) ҳастиву на
маҷнун.
52|30|Ё мегӯянд: «Шоиресту мо барои вай мунтазири ҳаводиси рӯзгорем». (ки шояд бимирад).
52|31|Бигӯ: «Шумо мунтазир бимонед, ки ман низ бо шумо интизор мекашам».
52|32|Оё ононро рӯъёҳояшон (хобҳояшон) ба ин пиндорҳо кашонида ё худ, мардуме саркаш
ҳастанд.
52|33|Ё мегӯянд: «Қуръонро худ сохтааст!» На, онҳо имон намеоваранд!
52|34|Агар рост мегӯянд, сухане монанди он биёваранд.
52|35|Оё бе ҳеҷ холиқе офарида шуданд, ё худ холиқи худанд?
52|36|Ё осмонҳову заминро ҳал кардаанд? На, ба яқин нарасидаанд.
52|37|Ё хазинаҳои Парвардигорат назди онҳост? Ё бар чизе тасаллут ёфтаанд? (ҳукумат ёфтаанд).
52|38|Ё нардбоне доранд, ки аз он боло мераванд ва гӯш меандозанд? Пас он касе, ки гӯш
андохта бошад, ҳуҷҷате ошкор биёварад.
52|39|Ё худовандро духтарон асту шуморо писарон.
52|40|Ё аз онҳо музде металабӣ ва пардохти музд бар онҳо душвор аст?
52|41|Ё илми ғайб медонанду менависанд?
52|42|Ё мехоҳанд ҳилае кунанд? Аммо кофирон худ ба ҳила гирифторанд.
52|43|ё онҳоро худоест ғайри Худои якто? Пок аст Худои якто аз ҳар чӣ шарикаш месозанд.
52|44|Агар бингаранд, ки қитъае аз осмон фурӯ меафтад, мегӯянд: «Абрест мутароким (қабатқабат ҷамъшуда)».
52|45|Пас онҳоро вогузор, то рӯзеро, ки дар оя ба ҳалокат мерасанд, бингаранд,
52|46|рӯзе, ки макрашон ҳеҷ ба ҳолашон фоидае накунад ва кас ба ёрияшон барнахезад.
52|47|Барои касоне, ки зулм мекунанд, боз ҳам азобест ғайри ин азоб, вале бештаринашон
намедонанд.
52|48|Дар баробари фармони Парвардигорат босабр бош, ки ту таҳти назари Моӣ! Ва ҳангоме ки
бархостӣ, ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй!
52|49|Ва тасбҳ гӯй дар қисме аз шаб ва ба ҳангоми нопадид шудани ситорагон,