Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Qâf

50|1|Қоф. Қасам ба ин Қуръони арҷманд!
50|2|Ки дар тааҷҷуб шуданд, аз ин ки аз миёни худашон бимдиҳандае сӯяшон омад, ва кофирон
гуфтанд: «Ин чизе аҷиб аст.
50|3|Оё замоне, ки мурдему хок шудем, дигар бор зинда мешавем? Ин бозгаште мухол (номумкин)
аст!»
50|4|Мо медонем, ки хок чӣ гуна аз (ҷасадҳои) онҳо кам мекунад. Ва китобе, ки ҳама чиз дар он
нигаҳдорӣ шуда, назди Мост.
50|5|Оре, онҳо сухани ростеро, ки бар онҳо омада буд, дурӯғ шумурданд. Пас дар коре шӯрида
афтоданд.
50|6|Оё ба ин осмон бар болои сарашон назар намекунашд, ки чӣ гуна онро бино кардаем ва
оростаем ва ҳеҷ шикофе дар он нест?
50|7|Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳои баланд афкандем ва аз ҳар гуна набототи хушманзар
дар он рӯёнидем.
50|8|Бинише ва пандест барои ҳар бандае, ки ба Худо бозгардад.
50|9|Ва аз осмои обе пурбаракат фиристодем ва бо он боғҳову донаҳои даравшуданӣ рӯёнидем
50|10|ва нахлҳои баланд бо хушаҳои барҳам чида,
50|11|то ризқи баидагон бошад ва бо он об сарзамини мурдаро зинда кардем. Баромадан аз гӯр
низ чунин аст.
50|12|Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва асҳоби Рас ва Самуд такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд
50|13|ва қавми Оду Фиръавн ва қавми Лут
50|14|ва асҳоби Айка ва қавми Туббаъ ҳама паёмбаронро дурӯғ шумурданд ва сазовори ваъдаи
азоби Ман шуданд.
50|15|Оё аз офариниши нахустин оҷиз шуда будем? На онҳо дар офариниши тоза дар шакканд.
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
50|16|Мо одамиро офаридаем ва аз васвасаҳои нафси ӯ огоҳ ҳастем, зеро аз раги гарданаш ба ӯ
наздиктарем.
50|17|Ҳангоме ки он ду фариштаи фарогиранда дар ҷониби росту ҷониби чапи ӯ нишастаанд, ҳар
чизро фаро мегиранд.
50|18|Ҳар каломе ки мегӯяд, албатта дар канори ӯ нозиру нависандае ҳозир аст.
50|19|Ба ростӣ, ки беҳушии марг фаро мерасад. Ин аст он чӣ аз он мегурехтӣ.
50|20|Ва дар сур дамида мешавад, Ин аст, рӯзи ваъдаҳои азоб!
50|21|Ҳар касе меояд ва бо ӯ касест, ки меронадаш ва касест, ки барояш шоҳидӣ медиҳад.
50|22|Ту аз ин ғофил будӣ. Мо парда аз баробарат бардоштем ва имрӯз чашмонат тезбин
шудааст.
50|23|Фариштаи (муваккали) ӯ гӯяд: «Ин аст он чӣ ман омода кардаам».
50|24|Ҳар ношукри саркашро ба ҷаҳаннам бияндозед:
50|25|он ки аз бахшиш бахилӣ кард ва таҷовузкор буд ва шак меовард,
50|26|он ки бо Худои як то худои дигаре қарор дод. Пас ба азоби сахташ бипартоед!
50|27|Ҳамнишини ӯ гӯяд: «Эй Парвардигори мо, ман ӯро ба саркашӣ водор накардам, балки ӯ худ,
сахт дар гумроҳӣ буд».
50|28|Мегӯяд: «Назди Ман муҷодала накунед. Ман пеш аз ин бо шумо сухан аз азоб гуфта будам.
50|29|Ваъдаи Ман дигаргун намешавад ва Ман ба бандагон зулм намекунам».
50|30|Рӯзе, ки ҷаҳаннамро мегӯем: «Оё пур шудаӣ?» Мегӯяд: «Оё ҳеҷ зиёдатӣ ҳаст?»
50|31|Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик биёваранд, то аз он дур набошанд.
50|32|Ин ҳамон чизест, ки ба ҳар тавбакунащдаи парҳезгоре ваъдааш дода буданд.
50|33|Онҳоеро, ки дар ниҳон аз Худои раҳмон метарсанд ва бо диле тавбакор омадаанд.
50|34|Гӯянд: «Дар амон аз ҳар азобе ба биҳишт дохил шавед. Ин рӯз рӯзи ҷовидонист».
50|35|Дар он ҷо ҳар чӣ бихоҳанд, ҳаст ва бештар аз он назди Мо ҳаст.
50|36|Пеш аз онҳо чӣ бисёр мардумеро, ки боқувваттар буданд ва дар шаҳрҳо сайру ҷустуҷӯ
мекарданд, ба ҳалокат овардаем. Оё роҳи гурезе ҳаст?
50|37|Дар ин сухан барои соҳибдилон ё онон, ки бо ҳузур гӯш меандозанд, андарзест (пандест).
50|38|Мо осмонҳову замин, ва он чиро миёни онҳост, дар шаш рӯз офаридем ва ҳеҷ хастагӣ ба Мо
нарасид.
50|39|Дар баробари он чӣ мегӯянд, пойдорӣ кун ва дар ситоиши Парвардигорат пеш аз
баромадани офтоб ва пеш аз фаромадани он тасбеҳ гӯй.
50|40|Ва низ дар порае аз шаб ва баъд аз ҳар саҷда ӯро тасбеҳ гӯй.
50|41|Ва он гоҳ ки мунодӣ (нидокунанда, Исрофил) аз маконе наздик нидо медиҳад, гӯш фаро дор.
50|42|Рӯзе, ки он овози сахтро ба ҳақ мешунаванд, он рӯз рӯзи берун шудан аз гӯр аст.
50|43|Мо зинда мекунем ва мемиронем ва бозгашт назди Мост.
50|44|Рӯзе, ки замин бишкофад ва онҳо ба шитоб берун оянд ва ин ҷамъоварӣ барои Мо осон аст.
50|45|Мо ба он чӣ мегӯянд, донотарем ва ту ба онҳо зӯр намегӯӣ. Пас ҳар киро аз ваъдаи азоби
Ман метарсад, ба Қуръон панд деҳ