Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Ya-Sîn

36|1|Ё, син.
36|2|Савганд ба Қуръони ҳикматомез,
36|3|ки ту аз паёмбарон ҳастӣ,
36|4|бар роҳе рост.
36|5|Қуръон аз ҷониби он ғолиби меҳрубон нозил шуда,
36|6|то мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва дар бехабарӣ буданд.
36|7|Азоби Худо барои бештаринашон воҷиб шудааст ва имон намеоваранд.
36|8|Ва мо бар гарданҳояшон то манаҳҳо тавқҳо (занҷирҳо) ниҳодем, чунон ки сарҳояшон ба
болост ва поин оварда натавонанд,
36|9|Дар баробарашон деворе кашидем ва дар пушти сарашон деворе. Ва бар чашмонашон низ
пардае афкандем, то натавонанд дид.
36|10|Фарқашон накунад, чӣ онҳоро битарсонӣ ва чӣ натарсонӣ, имон намеоваранд.
36|11|Танҳо ту касеро метарсонӣ, ки ба Қуръон пайравӣ кунад ва аз Худои раҳмон дар ниҳон
битарсад. Чунин касро ба бахшоиш ва музди некӯ хушхабар бидеҳ!
36|12|Мо мурдагонро зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин кардаанд ва ҳар асареро, ки
падид овардаанд, менависем ва ҳар чизро дар китоби мубин шумор кардаем.
36|13|Достони мардуми он деҳаро бар онҳо биёвар, он гоҳ ки расулон ба он ҷо омаданд.
36|14|Нахуст ду танро ба наздашон фиристодем ва дурӯғ бароварданд, пас бо саввуми қувваташон
додем ва гуфтанд: «Мо ба сӯи шумо фиристода шудаем».
36|15|Гуфтанд: «Шумо инсонҳое монанди мо ҳастед ва Худои раҳмон ҳеҷ чиз нафиристодааст ва
шумо дурӯғ мегӯед».
36|16|Гуфтанд: «Парвардигори мо медонад, ки мо ба сӯи шумо фиристода шудаем.
36|17|Ва бар ӯҳдаи мо ғайри паём расонидани ошкоро ҳеҷ чизи дигар нест».
36|18|Гуфтанд: Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар бас накунед, сангсоратон хоҳем кард ва
шуморо аз мо шиканҷае сахт хоҳад расид».
36|19|Гуфтанд: «Фоли бади шумо бо худи шумост. Оё агар пандатон диҳанд чунин мегӯед? На,
мардуме аз ҳад гузашта ҳастед!»
36|20|Марде аз дурдасти шаҳр давон-давон омаду гуфт: «Эй қавми ман, ба ин расулон пайравӣ
кунед!
36|21|Ба касоне, ки аз шумо ҳеҷ музде наметалабанд ва худ мардуме ҳидоятёфтаанд, пайравӣ
кунед!
36|22|Чаро Худоеро, ки маро офаридааст ва ба назди Ӯ бозгардонда мешавед, напарастам?
36|23|Оё ғайри Ӯ худоёяеро ихтиёр кунам, ки агар Худои раҳмон бихоҳад ба ман зиёне бирасонад,
шафоъаташон маро ҳеҷ суд накунад ва маро халосӣ набахшанд?
36|24|Ва дар ин ҳолат ман дар гумроҳии ошкор бошам.
36|25|Ман ба Парвардигоратон имон овардам. Сухани маро бишнавед».
36|26|Гуфта шуд: «Ба биҳишт дарой!» Гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,
36|27|ки Парвардигори ман маро бибахшоид ва дар гурӯҳи гиромишудагон даровард».
36|28|Ва аз он пас бар сари қавми ӯ ҳеҷ лашкаре аз осмон фурӯ нафиристодем. Ва Мо
фурӯфиристанда набудем.
36|29|Як бонги сахте буд, ки ногоҳ ҳама бар ҷой сард шуданд.
36|30|Эй дареғ бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, ки масхарааш накарда
бошанд.
36|31|Оё надидаанд, ки чӣ мардумеро пеш аз онҳо ҳалок кардаем, ки дигар ба наздашон
бознамегарданд.
36|32|Ва касе немопад, ки назди Мо ҳозираш наоранд.
36|33|Нишонаи ибратест бар онҳо замини мурда, ки зиндааш сохтем ва аз он донае, ки аз он
мехӯранд, берун овардем.
36|34|Ва дар он боғҳое аз дарахтони хурмову токҳо падид овардем ва чашмаҳои равон сохтем,
36|35|то аз меваҳои он ва дастранҷи худ бихӯранд. Чаро шукр намегӯянд?
36|36|Пок аст он Худое, ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид, чӣ аз он чӣ замин мерӯёнад ва чӣ аз
худашон ва чӣ он чизҳое, ки намешиносанд.
36|37|Шаб низ барояшон ибрате дигар аст, ки рӯзро аз он бармекашем ва ҳама дар торикӣ фурӯ
мераванд.
36|38|Ва офтоб ба сӯи қароргоҳи худ равон аст. Ин фармони Худои пирӯзманду доност.
36|39|Ва барои моҳ манзилҳое андоза кардем, то монанди шохаи хушки хурмо борик шавад.
36|40|Офтобро сазовортар нест, ки ба моҳ расад ва шабро сазовор нест, ки бар рӯз пешӣ гирад ва
ҳама дар фалаке шиноваранд.
36|41|Ибрате дигар барои онҳо, ки падаронашонро дар он киштии пуркардашуда савор кардем.
36|42|Ва барояшон монанди киштӣ чизе офаридем, ки бар он савор шаванд.
36|43|Ва агар бихоҳем, ҳамаро ғарк, месозем ва онҳоро ҳеҷ фарёдрасе набошад ва халосӣ
наёбанд,
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
36|44|ғайри раҳмати Мо ва бархурдорӣ то ҳангоми марг.
36|45|Ва он гоҳ ки ба онҳо гуфта шавад, ки аз он чӣ дар пеши рӯй доред ё пушти сар мегузоред,
битарсед, шояд бар шумо раҳмат оранд, рӯй бигардонанд.
36|46|Ва кадом ояте аз оёти Парвардигорашон бар онҳо нозил шавад, албатта аз он рӯй
гардонанд.
36|47|Ва чун гуфта шавад, ки аз он чӣ Худо рӯзиятон кардааст, садақа кунед, кофирон ба
мӯъминон гуянд: «Оё касонеро таъом диҳем, ки агар Худо мехост, худ онҳоро таъом медод? Шумо
дар гумроҳии ошкор ҳастед».
36|48|Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда кай хоҳад буд?»
36|49|Инҳо интизори як бонги сахтро мебаранд, то ба он ҳангом ки саргарми хусумат ҳастанд,
фурӯ гирадашон,
36|50|ончунон ки тавони васияте надошта бошанд ва натавонанд назди касони худ бозгарданд.
36|51|Ва дар сур дамида шавад ва онон аз қабрҳо берун оянд ва шитобон ба сӯи
Парвардигорашон раванд.
36|52|Мегӯянд: «Вой бар мо, чӣ касе моро аз хобгоҳҳоямон бархезонд? Ин ҳамон ваъдаи Худои
раҳмон аст ва паёмбарон рост гуфта буданд!»
36|53|Фақат як бонги сахт хоҳад буд, ки ҳама назди Мо ҳозир меоянд.
36|54|Он рӯз ба кас ситам намешавад. Ва ҷуз монанди коре, кн кардаед, мукофот намебинед.
36|55|Биҳиштиён он рӯз ба шодмонӣ машғул бошанд.
36|56|Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳо бар тахтҳо такя задаанд.
36|57|Дар он ҷо ҳар мева ва ҳар чизи дигар, ки бихоҳанд, фароҳам аст.
36|58|Ва саломе, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст.
36|59|Эй гуноҳкорон, имрӯз ҷудо шавед (аз мӯъминон)!
36|60|Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед, зеро душмани
ошкори шумост?
36|61|Ва Маро бипарастед, ки роҳи рост ин аст.
36|62|Бисёре аз шуморо гумроҳ кард. Магар ба ақл дарнамеёфтед?
36|63|Ин аст он ҷаҳаннаме, ки ба шумо ваъда дода шуда буд.
36|64|Ба ҷазои куфратон инак дар он дохил шавед!»
36|65|Имрӯз бар даҳонҳояшон мӯҳр мениҳем. Ва дастҳояшон бо Мо сухан хоҳанд гуфт ва
поҳояшон шоҳидӣ хоҳанд дод, ки чӣ мекардаанд.
36|66|Агар бихоҳем чашмонашонро маҳв мекунем. Пас шитобон оҳанги роҳ кунанд. Аммо куҷоро
тавонанд дид?
36|67|Ва агар бихоҳем,, онҳоро бар ҷояшон масх (тағйир) кунем, ки на тавони он дошта бошанд,
ки ба пеш қадам бардоранд ва на бозпас гарданд.
36|68|Ҳар киро умри дароз диҳем, дар офариниш дигаргунаш кунем. Чаро ақл намекунанд?
36|69|Ба ӯ шеър наёмӯхтаем ва шеър лоиқи ӯ нест. Он чӣ ба ӯ омухтаем, панду Қуръоне
равшангар аст,
36|70|то мӯъминонро бим диҳад ва сухани ҳақ бар азоби кофирон воҷиб шавад.
36|71|Оё надидаанд, ки ба яди (дасти) қудрати худ бар онҳо чорпоёнро офаридем ва акнун
моликашон ҳастанд?
36|72|Ва онҳоро ромашон кардем. Бар баъзе савор мешаванд ва аз гӯшти баъзе мехӯранд.
36|73|Ва онҳоро дар онҷо фоидаҳост ва ошомиданиҳо. Чаро шукр намегӯянд?
36|74|Ва ба ҷои Оллоҳ худоёне ихтиёр карданд, ба он умед, ки ёрияшон кунанд.
36|75|Онҳоро қудрати он нест, ки ба ёриашон бархезанд, вале инҳо (кофирон) монанди лашкаре
ба хидмати онҳо омодаанд.
36|76|Суханашон туро андӯҳгин насозад. Мо ҳар чиро пинҳон медоранд, ё ошкор месозанд,
медонем.
36|77|Оё одами, ки акнун хасме ошкор аст, намедонад, ки ӯро аз нутфае офаридаем?
36|78|Дар ҳоле, ки офариниши худро аз ёд бурдааст, барои мо мисол меорад, ки чӣ касе ин
устухонҳои пусидаро зинда мекунад?
36|79|Бигӯ: «Касе онҳоро зинда мекунад, ки аввалин бор офаридааст ва Ӯ ба ҳар офаринише
доност.
36|80|Он Худое, ки аз дарахти сабз бароятон оташ падид овард ва шумо аз он оташ меафрӯзед».
36|81|Оё касе, ки осмонҳову заминро офаридааст, наметавонад монандашонро биёфаринад? Оре,
метавонад, ки Ӯ офаринандае доност!
36|82|Чун бихоҳад чизеро биёфаринад, фармонаш ин аст, ки мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Пас мавҷуд
мешавад.
36|83|Пок аст он Худое, ки малакути (қудрати) ҳар чизе ба дасти Ӯст ва ҳама ба сӯи Ӯ
бозгардонда мешавед!