Quran translations in many languages

Quran in Tajik

As-Sajdah

32|1|Алиф, Лом, Мим.
32|2|Нозил шудани ин китоб, ки дар он ҳеҷ шакке нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.
32|3|Оё мегӯянд: «(Қуръонро) худаш бофтааст?» На, суханест барҳақ аз ҷониби Парвардигорат,
то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштаанд, тарсонӣ. Шояд ба роҳи ҳидоят раванд.
32|4|Худост, ки осмонҳову заминро ва он чӣ миёни онҳост, дар шаш рӯз биёфарид ва он гоҳ ба
арш пардохт. Шуморо ҷуз Ӯ корсозу шафеъе нест. Оё панд намегиред?
32|5|Корро аз осмон то замин сомон медиҳад. Сипас дар рӯзе, ки, миқдори он ҳазор сол аст, чунон
ки мешуморед, ба сӯи Ӯ боло меравед.
32|6|Ӯст, ки донои ниҳону ошкор аст. Пирӯзманду меҳрубон аст.
32|7|Он кӣ ҳар чиро офарид, ба некӯтарин ваҷҳ офарид ва хилқати офаридани инсонро аз гил
оғоз кард.
32|8|Сипас насли ӯро аз усораи (шираи) обе беқадр падид овард.
32|9|Он гоҳ, аъзои ӯ рост кард ва аз рӯҳи худ дар он бидамид. Ва бароятон гӯшу чашмҳо ва дилҳо
офарид. Чӣ андак шукр мегӯед!
32|10|Ва гуфтанд: «Оё вақте ки дар замин нопадид шавем, офариниши тозае хоҳем ёфт?» Оре,
онҳо ба дидор бо Парвардигорашон имон надоранд!
32|11|Бигӯ: «Фариштаи марг, ки муваккал (гумошта) бар шумост, шуморо мемиронад. Сипас ба сӯи
Парвардигоратон бозгардонида мешавед».
32|12|Туро ибрат аст, он гоҳ ки гунаҳкоронро дар назди Парвардигорашон сарафканда бинӣ.
Гӯянд: «Эй Парвардигори мо, дидем ва шунидем. Акнун моро бозгардон то коре шоиста кунем, ки
инак ба яқин расидаем».
32|13|Агар мехостем, ҳидояти ҳар касро ба ӯ ато мекардем, вале ваъдаи Ман, ки ҷаҳаннамро аз
ҳаман ҷинниёну одамиён пур мекунам, ҳақ аст.
32|14|Ба ҷазои он, ки дидори чунин рӯзеро фаромӯш карда будед, акнун бичашед. Мо низ шуморо
аз ёд бурдаем. Ба сазои корҳое, ки мекардаед, азоби ҷовидро бичашед!
32|15|Танҳо касоне ба оёти Мо имон овардаанд, ки чун оёти Моро бишнаванд, ба саҷда бияфтанд
ва Парвардигорашонро ба покӣ биситоянд ва саркашӣ накунанд (Сачда).
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
32|16|Аз бистари хоб паҳлӯ тиҳӣ (бедорхобӣ) мекунанд, Парвардигорашонро бо биму умед илтиҷо
мекунанд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, садақа мекунанд.
32|17|Ва ҳеҷ кас аз он мукофоте аз хушиву хурсандӣ хабар надорад, ки ба музди корҳои кардааш,
барояш пинҳон карда шудааст.
32|18|Оё он кас, ки имон оварда, мопанди кассет, ки фисқ меварзад? На, баробар нестанд!
32|19|Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба ҷазои неки амалҳое, ки
макардаанд, манзилгоҳе дар боғҳои биҳишт хоҳанд ёфт.
32|20|Ва аммо фосиқон, манзилгоҳашон оташ аст. Ҳар гоҳ ки бихоҳанд аз он берун оянд, бори
дигар онҳоро ба даруни оташ бозгардонанд ва бигӯяндашон: «Бичашед азоби оташеро, ки
дурӯғаш мепиндоштед!»
32|21|Ва азоби дунёро пеш аз он азоби бузургтар ба онҳо бичашонем, шояд, ки бозгарданд!
32|22|Кист ситамкортар аз он касе, ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд диҳанд, вале рӯй
гардонад? Мо аз гунаҳкорон интиқом мегирем!
32|23|Ҳақиқатан ба Мӯсо китоб додем. Аз дидори ӯ дар шубҳа мабош. Ва онро роҳнамои банӣИсроил қарор додем.
32|24|Аз миёни он қавм пешвоёне падид овардем, ки чун сабр пеша карданд ва ба оёти Мо яқин
доштанд, ба фармоии Мо мардумро ҳидоят мекарданд.
32|25|Албатта Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф мекарданд, миёнашон довари
хоҳад кард.
32|26|Оё он ҳама мардумеро, ки пеш аз онҳо ҳалок кардем ва акнун инҳо дар хонаҳояшон роҳ
мераванд, сабаби ҳидояташон нашуд? Дар ин ибратҳост, чаро намешунаванд?
32|27|Оё намебинанд, ки обро ба замини хушку бегиёҳ равона месозем, то киштзорҳо бирӯёнем ва
чорпоён ва худашон аз он бихӯранд? Чаро намебинанд?
32|28|Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пирӯзӣ чӣ вақт хоҳад буд?»
32|29|Бигӯ: «Дар рӯзи пирӯзӣ, имон овардани кофирон фоидаашон надиҳад ва мӯҳлаташон
надиҳад».
32|30|Пас аз онҳо рӯй гардон ва мунтазир бош, ки онҳо низ дар интизоранд