Quran in Tajik At-Tîn 95|1|Савганд ба анҷиру зайтун95|2|савганд ба Тури муборак,95|3|савганд ба ин шаҳри эмин,95|4|ки мо одамиро дар некӯтарин сурате биёфаридем.95|5|Он гоҳ ӯро фурӯтар аз ҳамаи фурӯтарон гардонидем, (пасттар аз ҳамаи пастҳо)95|6|ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки музде бепоён доранд.95|7|Пас чист, ки бо ин ҳол туро ба дурӯғ шуморидани қиёмат вомедорад?95|8|Оё Худо довартарини доварон нест?