Quran translations in many languages

Quran in Tajik

Nûh

71|1|Мо Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем, ки қавми худро пеш аз он ки азобе дардовар бар
сарашон фуруд ояд, бим деҳ.
71|2|Гуфт: «Эй қавми ман, ман бимдиҳандае равшангарам,
71|3|Худоро бипарастед ва аз Ӯ битарсед ва ба ман итоъат кунед,
71|4|то гуноҳонатонро бибахшояд ва шуморо то муддате муъайян мӯҳлат диҳад, зеро он муддати
худо вақте ояд, — агар бидонед, — дигар ба дер наяфтад».
71|5|Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман қавми худро шабу рӯз даъват кардам
71|6|ва датъвати ман ҷуз ба фирорашон наяфзуд.
71|7|Ва ман, ҳар бор, ки даъваташон кардам, то Ту онҳоро бибахшоӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ
карданд ва ҷома дар сар кашиданд ва пой фишурданд ва ҳар чӣ бештар саркашӣ карданд.
71|8|Пас онҳоро ба овози баланд даъват кардам.
71|9|Боз ба ошкор гуфтам ва дар ниҳон гуфтам.
71|10|Сипас гуфтам: «Аз Парвардигоратон бахшоиш бихоҳед, ки Ӯ бахшоянда аст,
71|11|то аз осмон бароятон пай дар пай борон фиристад
71|12|ва шуморо ба’молҳову фарзандон мадад кунад ва бароятон бӯстонҳову наҳрҳо биёфаринад.
71|13|Шуморо чӣ мешавад, ки аз шукӯҳи Худованд наметарсед,
71|14|ҳол он ки шуморо ба гунаҳои мухталиф биёфарид.
71|15|Оё намебинед, ки чӣ гуна Худо ҳафт осмони табақа-табақаро биёфарид?
71|16|Ва моҳро равшании онҳо ва хуршедро чароғашон гардонид.
71|17|Ва Худо шуморо чун наботе аз замин бирӯёнид,
71|18|Боз шуморо ба он бозмегардонад ва боз аз он берун меоварад,
71|19|Ва Худо заминро чун фарше бароятон бигустурд,
71|20|то бар роҳҳои паҳновари он биравед».
71|21|Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, онҳо фармони ман набурданд ва ба касе пайравӣ
карданд, ки молу фарзандаш ҷуз ба зиёнаш наяфзуд.
71|22|Макр карданд — макре бузург.
71|23|Ва гуфтанд: «Худоёнатонро тарк накунед:, Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро* тарк
file:///C|/DOWNLOAD/★★★★★☆☆☆/quran-tajik.txt[2012/12/30 19:43:37]
накунед!»
71|24|Бисёреро гумроҳ карданд ва ту ҷуз бар гумроҳии ситамкорон наяфзой!»
71|25|Ба ҷазои гуноҳонашон ғарк шуданд ва ба оташ рафтанд ва ҷуз Худо барои худ ёваре
наёфтанд.
71|26|Ва Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, бар рӯи замин ҳеҷ як аз кофиронро магузор,
71|27|ки агар бигузорияшон, бандагонро гупроҳ мекунанд ва ҷуз фарзандоне фоҷиру кофир
наёваранд.
71|28|Эй Парвардигори ман, марову падару модарамро ва ҳар киро бо имон ба хонаи ман ворид
шавад ва низ мардони мӯъмину занони мӯъминро бибахшо ва ситамкоронро ҷуз ба ҳалокаташон
маяфзой!»